Ду сокини Суғд барои қатли ҳамсаронашон маҳкум шуданд

Суди вилояти Суғд ду нафар мард, сокинони шаҳри Истаравшанро ба иттиҳоми қатли ҳамсаронашон ба муҳлатҳои зиёд равонаи зиндон кард. Сокини 47-солаи деҳоти Пошкенти шаҳри Истаравшан Бахтиёр Худойбердиев дар куштори ҳамсари 26-солаи худ, ки ба ӯ бо корд 17 маротиба зарба задааст, гунаҳкор дониста шудааст. Тавре ба «Азия-Плюс» аз суди вилоят хабар доданд, ин ҳодиса рӯзи […]

Мавлуда Рофиева, Asia-Plus

Суди вилояти Суғд ду нафар мард, сокинони шаҳри Истаравшанро ба иттиҳоми қатли ҳамсаронашон ба муҳлатҳои зиёд равонаи зиндон кард.

Сокини 47-солаи деҳоти Пошкенти шаҳри Истаравшан Бахтиёр Худойбердиев дар куштори ҳамсари 26-солаи худ, ки ба ӯ бо корд 17 маротиба зарба задааст, гунаҳкор дониста шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз суди вилоят хабар доданд, ин ҳодиса рӯзи 22 сентябри соли равон дар манзили хоҳари мард дар заминаи рашк рух дода, Худойбердиев ба 21 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шудааст. Аз зани ҳалокшуда як фарзанд мондааст.

Ҳодисаи дигар дар заминаи муноқиша миёни зану мард ба вуқӯъ пайваста, аз истеъмоли машрубот мард дар ҳолати сархушӣ қарор доштааст. Дар ҷараёни тафтишот муайян карда шудааст, ки сокини 50-солаи шаҳри Истаравшан Абдусамад Абдувоситов ҳамсари худро пеши чашми се кӯдаки ноболиғ шоми рӯзи 11 июл куштааст. Ӯ ба 23 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.