Интизории ташрифи ҳайати сершумори ҳукумати Ӯзбекистон ба Душанбе

Интизорӣ меравад, ки як ҳайати сершумори ҳукумати Ӯзбекистон таҳти сарварии муовини нахуствазири ин кишвар Рустам Азимов рӯзи 26 декабр ба Душанбе ташриф биоварад. Аввали ҳафтаи оянда баргузории ҷаласаи навбатии комисиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон дар назар аст, ки ҳамраисони он муовини нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов ва муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид мебошанд. Дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Интизорӣ меравад, ки як ҳайати сершумори ҳукумати Ӯзбекистон таҳти сарварии муовини нахуствазири ин кишвар Рустам Азимов рӯзи 26 декабр ба Душанбе ташриф биоварад.

Аввали ҳафтаи оянда баргузории ҷаласаи навбатии комисиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон дар назар аст, ки ҳамраисони он муовини нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов ва муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид мебошанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.

Дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи ифтитоҳи хатсайрҳои заминӣ, аз ҷумла равуо тариқи автобусу роҳи оҳан тавофуқ ҳосил карда метавонанд. Ба иттилои манбаъ, ояндаи наздик дар марзи ҳарду кишвар гузаргоҳҳои нави назоратӣ кушода шуда, ҳамчунин ҳамкории хадамотҳои гумруки давлатҳо роҳандозӣ мешавад.

Дар вохӯрии Душанбе ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили марбут ба сабуксозии реҷаи раводид, ки аз моҳи сентябр амал мекунанд, низ табодули назар хоҳанд кард.

Аввали соли оянда Тошканд ният дорад, ки дар Душанбе намоиши пуршукӯҳи маҳсулоти Ӯзбекистонро баргузор кунад, ки дар он аз ҷумла маҳсулоти саноати мошинсозӣ, хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳо ба маърази тамошо гузошта шуда, дар доираи кори ин намоиш бори нахуст дар таърихи давлатҳо ҳамоиши тиҷоратии доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мегардад.

Ғайр аз ин, ояндаи наздик Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба масъалаҳои табодули донишҷӯён миёни кишварҳо, аз ҷумла шумори донишҷӯён дар макотиби олии ҳарду кишвар созиш ҳосил карда метавонанд. Ҳамчунин аз эҳтимол дур нест, ки дар масоили марбут ба ташкили сафарҳои гурӯҳу дастаҳои эҷодии ҳарду кишвар низ тавофуқ ҳосил хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз моҳи январи соли 2017 байни пойтахтҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон – Душанбе ва Тошканд парвози ҳавопаймоҳо фаъол хоҳанд гашт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.