Тамринҳои ИА нисбати Русия боз ним сол тамдид шуд

Иттиҳоди Аврупо (ИА) рӯзи душанбе муҳлати таҳримҳои иқтисодияшро зидди Русия то 31 июли соли 2017 дароз кард. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба дафтар матбуоти Шӯрои Аврупо, сабаби асосии тамдиди таҳримҳо иҷро нашудани шартҳои созиши Минск аз сӯи Русия унвон шудааст. Гуфта мешавад, рӯзи ҷумъаи гузашта роҳбари Шӯрои ИА Доналд […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо (ИА) рӯзи душанбе муҳлати таҳримҳои иқтисодияшро зидди Русия то 31 июли соли 2017 дароз кард.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба дафтар матбуоти Шӯрои Аврупо, сабаби асосии тамдиди таҳримҳо иҷро нашудани шартҳои созиши Минск аз сӯи Русия унвон шудааст.

Гуфта мешавад, рӯзи ҷумъаи гузашта роҳбари Шӯрои ИА Доналд Туск гуфтааст, таҳримҳои зидди Русия ним сол тамдид мешавад, ҳарчанд, ба гуфтаи вай, бархе кишварҳо ҷонибдор буданд, ки таҳримҳо то як сол дароз шавад.

Иттиҳоди Аврупо баъди ғасби Қрим аз сӯи Русия соли 2014 ва шурӯъи ҷанг дар Донбасс, зидди ин кишвар таҳрим ҷорӣ кард. Украина ва ҷомеаи ҷаҳонӣ Кремлро айбдор мекунанд, ки ба ҷудоихоҳон аслиҳа медиҳад. Москва ин айбҳоро рад мекунад.

Зимнан зикр мегардад, ки таҳримҳои Аврупо бахшҳои мудофиа, энергетика ва молияи иқтисоди Русияро дар бар мегирад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.