Ҷашни Наврӯзи ҷумҳуриявӣ соли оянда дар шаҳри Турсунзода доир мегардад

Чорабиниҳои асосии сатҳи ҷумҳуриявӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз рузҳои 21-22 марти соли оянда дар шаҳри Турсунзода баргузор мешаванд. Доир ба корҳои омодагӣ ба ҷашни Наврӯзи соли оянда рӯзи 19 декабр дар машварати назди ёвари президент оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода сухан рафтааст. Дар вохӯрӣ қайд шудааст, ки соли оянда […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Чорабиниҳои асосии сатҳи ҷумҳуриявӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз рузҳои 21-22 марти соли оянда дар шаҳри Турсунзода баргузор мешаванд.

Доир ба корҳои омодагӣ ба ҷашни Наврӯзи соли оянда рӯзи 19 декабр дар машварати назди ёвари президент оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода сухан рафтааст.

Дар вохӯрӣ қайд шудааст, ки соли оянда дар тамоми маҳалалҳои аҳолинишин ва корхонаву ташкилотҳои кшвар чорабиниҳои идона ташкил карда мешаванд. Ёвари президент аз сохторҳои дахлдор дархост кардааст, ки дар фурсати наздиктарин лоиҳаи рамз (логотип)-и ҷашни Наврӯз-2017-ро омода созанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2009 ҷашни Наврӯз ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии Созмони маориф, илм ва фарҳанги СММ (ЮНЕСКО) дохил шуд. Аз он замон санаи 21 март Рӯзи байнулмилалии ҷашни Наврӯз эълон шудааст.

Ғайр аз ин, бо дархости ҳукуматҳои Тоҷикистону Озарбойҷон, Туркманистону Қирғизистон ва чанде дигар кишварҳо, Дабири кулли САҲА Марк Перрен де Бришамбо қарореро ба тасвиб расонид, ки мутобиқи он ҷашни Наврӯз байнумилалӣ эълон шуда ва рӯйхати ягонаи ҷашнҳои САҲА шомил карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.