ФФТ беҳтаринҳои мавсими соли 2016-ро эълон кард

Радиои Озодӣ

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) беҳтаринҳои мавсими соли 2016-ро эълон кард. Дар ин маросим Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бораи натиҷаҳои мавсими имсола гузориш дод.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо ҷоизаи “Беҳтарин бозигари соли 2016” мукофотонида шуд. Зимнан, Ҷалилови 26-сола, ки ҳамлагари мунтахаби миллии Тоҷикистон аст, бори дувум пайиҳам ба ин ҷоиза муваффақ мешавад.

Гуфта мешавад, ба ғолибон аз рӯи номинатсияҳои дигар низ дар риштаҳои футбол ва футзал ҷоизаҳои ФФТ тақдим гардид.

Лауреатҳои мавсими футболи соли 2016 дар Тоҷикистон:

Беҳтарин бозигар байни кӯдакон (U-13) – Салоҳиддин Иргашев («Солор»);

Беҳтарин бозигар байни кӯдакон (U-15) – Абдузоҳид Каримов (РШВСМ);

Беҳтарин бозигар байни наврасон (U-17) – Шаҳзод Раҷабов («Истиқлол»);

Беҳтарин бозигар байни ҷавонон (U-19) – Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»);

Беҳтарин мураббии кӯдакон – Исмоил Саидов («Авиатор»);

Ҷоизаи «Чеҳраи сол» – Ваҳдат Ханонов («Барқчӣ»);

Беҳтарин футболбоззан – Шукронаи Ҷумъахон («Ласточка»);

Беҳтарин мураббии футзал – Хуршед Пиров («Газпром»);

Беҳтарин бозигари футзал – Фирӯз Бекмуродов («ДИСИ Инвест»);

Довари ояндадор – Вафо Қараев (Шаҳринав);

Беҳтарин бозигари дублёрҳо – Шериддин Бобоев («Истиқлол»);

Беҳтарин мураббии мусобиқаи дублёрҳо – Олим Қадамшоев (ССКА «Помир»);

Беҳтарин бозигари лигаи аввал – Абдухалил Боронов («Панҷшер»);

Беҳтарин мураббии лигаи аввал – Тухтабой Абдураҳимов («Панҷшер»);

Беҳтарин бозигари сол – Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...