Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Ҳайати ҳукумати Ӯзбекистон ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба Душанбе ташриф меорад;

– Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯзи охирини кори намоиши аксҳои Ҷопон таҳти унвони «Нигоҳе ба ҷаҳони муосир: Аксҳои Ҷопон аз соли 1970-ум то имрӯз» ба итмом мерасад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8780 сомонӣ;

1 евро – 8.2364 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1266 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1932 – Дар Иттиҳоди Шӯравӣ низоми шиносномавӣ ҷорӣ гардид.

1933 – Дар Иттиҳоди Шӯравӣ унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ таъсис дода шуд.

2010 — Дар Теҳрон вохӯрии сеҷонибаи вазирони энергетикаи Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон барпо шуд, ки дар он оид ба густfриши ҳамкориҳо дар бахши энергетика изҳори назар карда шуд.

2011 — Донишкадаҳои исломии Тоҷикистону Русия созишнома дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

1930 – Зодрӯзи олими адабиётшинос Саидумар Султонов.

1937 – Мавлуди доктори улуми физикаву математика Муҳаббат Каримова.

1939 – Зодрӯзи доктори улуми кимиё, профессор Самариддин Каримов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф), туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +2+7; дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона -2+3.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда баъзан боришот (борон, барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +7+12.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона 0-5, рӯзона +5+10; дар шарқ шабона -9-14, рӯзона 0+5.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф).  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 4+9, рӯзона +5+10; дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона 0+5. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +7+9.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад. 

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +7+9.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +7+9.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона барф меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +6+8.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.