Коҳиши назарраси содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон

Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон аз оғози соли равон ҳудуди 170 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки сарфи назар аз афзоиши устувори маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ, дар муқоиса бо соли гузашта ин нишондиҳанда 47,022 тонна камтар аст. Дар Вазорати кишоварзӣ аз эҳтимол дур намедонанд, ки ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар баровардани маҳсулоти кишоварзӣ ба чунин вазъи […]

Asia-Plus

Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон аз оғози соли равон ҳудуди 170 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки сарфи назар аз афзоиши устувори маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ, дар муқоиса бо соли гузашта ин нишондиҳанда 47,022 тонна камтар аст.

Дар Вазорати кишоварзӣ аз эҳтимол дур намедонанд, ки ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар баровардани маҳсулоти кишоварзӣ ба чунин вазъи ногувор боис гардидааст. Аз ҷумла, имсол аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар беш аз 21,5 ҳазор тонна мева, зиёда аз 100 тонна сабзавот, наздики 44 ҳазор тонна хушкмева ва қариб 4 тонна дигар маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, шояд амалҳои қочоқи содироти ин маҳсулотҳо тавассути 45 гузаргоҳҳои назоратнашавандаи марзии Тоҷикистону давлатҳои ҳамсоя сурат гирад.

«Ба ҳамин хотир ташкили нуқтаҳои хадамотҳои назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, байторӣ оид ба назорати интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ байни вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин дар гузаргоҳҳои назоратнашавандаи сарҳадӣ мақсаднок аст», – қайд мекунанд дар Вазорат.

Гуфта мешавад, маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ асосан ба давлатҳои Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон ва дигар ҷумҳуриҳо содир карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар сохтори содироти маҳсулоти кишоварзӣ пиёз ҳиссаи назаррас дошта, соли равон содироти он ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми 98 ҳазор тонна сурат гирифтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.