Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон ба муҳимияти таҳкими сарҳади давлатии Тоҷикистон

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 декабр дар мулоқоти роҳбарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғоз Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба Президенти Русия Владимир Путин ва ба наздикону пайвандони нафарони бар асари суқути ҳавопаймои ҳарбӣ-нақлиётӣ […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 декабр дар мулоқоти роҳбарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғоз Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба Президенти Русия Владимир Путин ва ба наздикону пайвандони нафарони бар асари суқути ҳавопаймои ҳарбӣ-нақлиётӣ дар фазои Баҳри Сиёҳ ҳалокшуда ҳамдардӣ ва тасаллияти амиқ изҳор дошт.

Гуфта мешавад, иштирокчиёни мулоқот масоили мубрами марбут ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз қабили афзоиши хатари терроризму экстремизм, вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон ва масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияту субот дар қаламрави давлатҳои аъзои созмонро мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи дурнамои ҳамкориҳои дастаҷамона дар доираи СААД мубодилаи афкор намуданд.

Президенти Тоҷикистон таваҷҷуҳи роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои созмонро ба масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии вазъи сиёсию низомӣ дар аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҷалб сохта, таъкид бар он доштанд, ки ҳолати мавҷуда аз давлатҳои аъзои Созмон масъулияти бузурги таҳкими ҳамгироию муштаракот ва амалисозии тадбирҳои шадиди пешгирикунандаи ҳама гуна хатару чолишҳои минтақавӣ ва байналмилалиро беш аз пеш тақозо менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз роҳбарони давлатҳои аъзои созмон даъват ба амал оварданд, ки ба масъалаи муҳимияти ҳифз ва таҳкими сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамчун тадбири муҳим дар муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ аҳамияти авалиндараҷа зоҳир намоянд.

Дар ҷаласа роҳбарони давлатҳои аъзои ин созмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев иштирок намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.