Интиқоди раиси пойтахт аз сарулибоси хонагии сокинони шаҳр дар ҷойҳои ҷамъиятӣ

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рафтори ношоистаи чанде аз сокинони пойтахтро, ки тартиботи ҷамъиятиро риоя накарда, дар макони издиҳоми мардум ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бо сарулибоси хонагӣ ҳозир мешаванд, мавриди интиқод қарор додааст. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита хабар дод, Маҳмадсаид Убайдуллоев ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур додааст, ки […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рафтори ношоистаи чанде аз сокинони пойтахтро, ки тартиботи ҷамъиятиро риоя накарда, дар макони издиҳоми мардум ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бо сарулибоси хонагӣ ҳозир мешаванд, мавриди интиқод қарор додааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита хабар дод, Маҳмадсаид Убайдуллоев ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур додааст, ки дар ин самт чораҷӯӣ намоянд.

Ғайр аз ин, дар машварати васеи кории шаҳрдории рӯзи 26 декабр раиси пойтахт ба сохторҳои дахлдор супориш додааст, ки ҷиҳати амалисозии масоили дар паёми президент ба парлумон зикршуда нақшаву барномаҳо таҳия намуда, тадбирҳои муассир андешанд.

Раиси пойтахт ҳамчунин таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои иҷрои қисмати даромади буҷети шаҳри Душанбе, дар сатҳи зарурӣ ҷашн гирифтани Соли нави мелодӣ, риояи қоидаҳои санитарӣ ва истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ҷалб намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.