Президент бори дигар аз имкониятҳои бузурги сайёҳии ҷумҳурӣ ёдовар шуд

Asia-Plus

Пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими варзишӣ ва сайёҳӣ дар Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо намояндагони ҷавонон ва варзишгарони кишвар мулоқоти судманду самимӣ доир карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст Пешвои миллат кулли ҷавонони кишвар ва дӯстдорони варзиши зимистонаро ба муносибати пурра ба фаъолият оғоз кардани Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» самимона табрик намуда, ба соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорон барои иқдоми ватандӯстонаашон изҳори сипос кард.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат аз имкониятҳои бузурги сайёҳӣ, мавҷудияти ёдгориҳои гуногуни таърихиву фарҳангӣ, мавзеъҳои нодири тиббиву муолиҷавӣ, кӯҳнавардиву варзишӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам густариш додани варзишу сайёҳӣ ба бунёди инфрасохтори замонавии сайёҳиву варзишии мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Аз ҷумла, бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи сайёҳӣ Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, мақоми нави ваколатдори соҳаро таъсис диҳад, ки масъалаҳои соҳаи сайёҳиро мустақиман ҳаллу фасл намояд.

Президенти мамлакат ба кормандони масъули Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» дастур дод, ки дар баробари ободу зебо гардонидан ва бо шароити муосири истироҳату фароғати варзишӣ таъмин намудани маҷмаа сатҳи баланди хизматрасониро барои варзишгарону сайёҳон фароҳам созанд.

Дар робита ба масъалаи ба меъёрҳои муосир мутобиқ гардонидани инфрасохтори коммуникатсионии маҷмаа мақомоти дахлдори давлатӣ вазифадор шуданд, ки бо ҷалби маблағҳои грантӣ барои дар сатҳи байналмилалӣ таҷдид ва нигоҳдорӣ кардани 14 километр роҳҳои минтақаи сайёҳии имрӯза тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз дошт, ки маҷмааи навбунёд дар самти дарёфту тарбияи варзишгарон ба ин намуди зебои варзиш ва ҷалби сайёҳону варзишгарони кишварҳои гуногун ба ин мавзеи зебо саҳми сазовори худро мегузорад. Пас аз суханронии Пешвои миллат намояндагони ҷавонон ва сокинони ноҳияи Варзоб баромад карда, ба Сарвари давлат барои талошҳои созанда, таъмини шароити мусоиди кору зиндагӣ, рушди бахши сайёҳию варзиш ва эълон кардани соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...