Қотили сафири Русия хеле пештар омодагӣ дидааст

Корманди полис Mавлут Мерт Олтинтош, ки шоми 19 декабр дар Анқара сафири Русияро дар Туркия кушта буд, ҳанӯз аз моҳи октябр дар бораи ӯ маълумот ҷамъоварӣ кардааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба агентии «ТАСС» хабар медиҳад. Гуфта мешавад, коршиносон маълумоти компютери собиқ ҳамсояи Олтинтошро омӯхта, муайян намуданд, ки моҳи октябр ӯ дар […]

АМИТ «Ховар»

Корманди полис Mавлут Мерт Олтинтош, ки шоми 19 декабр дар Анқара сафири Русияро дар Туркия кушта буд, ҳанӯз аз моҳи октябр дар бораи ӯ маълумот ҷамъоварӣ кардааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба агентии «ТАСС» хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, коршиносон маълумоти компютери собиқ ҳамсояи Олтинтошро омӯхта, муайян намуданд, ки моҳи октябр ӯ дар бораи Андрей Карлов дар интернет борҳо маълумот ҷустааст. Аз ҷумла, наворҳоро бо иштироки сафири Россия тамошо кардааст.

Ёдрас мекунем, ки шоми 19 декабр дар Анқара сафири Россия дар Туркия Андрей Карлов зимни суханрониаш дар намоиши аксҳо «Россия аз нигоҳи туркҳо» кушта шуд. Кушандаи ӯ Мавлут Мерт Олтинтош дар ҷойи ҳодиса нобуд карда шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Россия ин ҳодисаро ҳамчун амали террористӣ арзёбӣ намуд ва Кумитаи тафтишотии ин кишвар аз рӯи моддаи «Амали терроризми байналмилалӣ» парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.