Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ балети Пётр Чайковский «Шелкунчик» намоиш дода мешавад. Оғоз соати 17:00. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА –  7.8785 сомонӣ; 1 евро – 8.2204 сомонӣ; 1 рубли […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ балети Пётр Чайковский «Шелкунчик» намоиш дода мешавад. Оғоз соати 17:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8785 сомонӣ;

1 евро – 8.2204 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1265 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1919 — Дар Олмон ҳизби миллӣ-сотсиалистӣ таъсис ёфт, ки минбаъд Адолф Гитлерро сари ҳокимият овард.

1929 — Зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Ғаффор Мирзо.

1941 — Зодрӯзи ҳунарманди театру кино, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Саидмурод Мардонов.

1952 — Зодрӯзи Бобоев Олимҷон, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон.

1991 — Ҳафтавори мустақили «Курер Таджикистана» таъсис ёфт.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо аксаран бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ каме барф меборад, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1-6, рӯзона +2+7; дар доманакӯҳҳо шабона 7-12, рӯзона -4+1.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф), туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +7+12; дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +3+8.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -9-14, рӯзона -1-6; дар шарқ шабона -17-22, рӯзона -5-10.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф), туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -3+2. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, туман.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +8+10.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман. 

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +6+8.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +11+13.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -10-12, рӯзона -1-3.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.