Боздиди сафири ИМА аз ВКХ Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Миллардро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни дидор ҷонибҳо сатҳи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону ИМА-ро дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ карда, роҷеъ ба масоили ҳамкориҳои минтақавӣ ибрози назар намуданд. Аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ […]

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Миллардро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни дидор ҷонибҳо сатҳи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону ИМА-ро дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ карда, роҷеъ ба масоили ҳамкориҳои минтақавӣ ибрози назар намуданд.

Аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои ҳамкори дар самти амният, САҲА, платформаи С5+1, ва таҷлили 25-умин солгарди равобити дипломатии байни Амрикову Тоҷикистон муҳокима намуданд.

Қобили зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА 14 феврали соли 1992 роҳандозӣ шуда, сафоратхонаи ин кишвар дар Тоҷикистон моҳи марти соли 1992 ифтитоҳ гардид.

Сафоратхонаи Тоҷикистон дар ИМА моҳи декабри соли 1992 ба фаъолият шурӯъ кард. Айни замон сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Фарҳод Салим мебошад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.