Болоравии нархи харҳо дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон соҳибкорону тоҷироне пайдо шудаанд, ки харҳоро яклухт харидорӣ намуда, гӯшт ва пӯсти онҳоро ба Чин мефиристанд. Нархи харҳо дар Тоҷикистон чандин маротиба боло рафтаанд: агар аввали моҳ як хари корӣ ба ҳисоби миёна аз 100 то 200 сомонӣ нарх дошт, пас имрӯз соҳибонашон барои онҳо 4-5 маротиба зиёдтар нарх гузоштаанд. Яке […]

Asia-Plus

Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон соҳибкорону тоҷироне пайдо шудаанд, ки харҳоро яклухт харидорӣ намуда, гӯшт ва пӯсти онҳоро ба Чин мефиристанд.

Нархи харҳо дар Тоҷикистон чандин маротиба боло рафтаанд: агар аввали моҳ як хари корӣ ба ҳисоби миёна аз 100 то 200 сомонӣ нарх дошт, пас имрӯз соҳибонашон барои онҳо 4-5 маротиба зиёдтар нарх гузоштаанд.

Яке аз сокинони деҳаи доманакӯҳ хабр додааст, ки миёнаравон сарфи назар аз синну сол ва ҳолат, ҳама гуна харҳоро харида, ҳатто аз харҳои пир ҳам рӯ намегардонанд.

Шабона онҳоро ба автомашинаҳо бор карда, ба самти Душанбе мебаранд, вале ба куҷову бо кадом мақсад маълум нест ва айни замон дар мавзеҳои наздики онҳо ягон хари бесоҳиб намондааст.

Аҳолӣ бар ин назар аст, ки онҳоро мекушанд, вале бархе ин ақидаро рад карда, изҳор мекунанд, ки агар гӯшташ лозим мебуд, харҳои калонҷуссаву фарбеҳро мехариданд. Ба андешаи онҳо, харҳо барои пӯсташон харидорӣ мешаванд. Аз эҳтимол дур нест, ки гӯшт ва пӯсти харҳо ба Чин фиристода мешаванд.

Радиои Озодӣ дар ин робита менависад, дар кишварҳои ҳамсояи Афғонистону Ӯзбекистон ва Эрон низ чунин ҳолат ба мушоҳида расида, чанде пеш рӯзномаи бритониёии Guardian аз бозори талабот барои хар дар Чин парда бардошт.

Гуфта мешавад, чиниҳо аз солҳо ба ин тараф харҳои дунёро мехаранд. Паз аз он, ки бархе аз кишварҳои африқоӣ фурӯши харро ба таври қонунӣ манъ карданд, чиниҳо барои хариди харҳо ба бозорҳои нав дар Осиёи Миёна рӯй оварданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.