Бонкҳои Тоҷикистон соҳиби чӣ гуна амволанд?

Ҳукумати Тоҷикистон номгӯи дороиҳои чор бонки дучори мушкилоти ҷумҳуриро нашр кард. Арзиши дороиҳо зикр намешавад, лекин аз рӯи шумора «Агроинвестбонк» пешсаф аст. Ба рӯйхати дороиҳои «Агроинвестбонк» дар маҷмӯъ 730 иншооти дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҷойгиршуда, аз ҷумла бинои Сарбонк, 60 филиал ва 5 маркази хизматгузорӣ дохил шудаанд. Ҳамчунин минтақаҳои истироҳату фароғат дар дараи Варзоб, иқтидорҳои […]

Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон номгӯи дороиҳои чор бонки дучори мушкилоти ҷумҳуриро нашр кард. Арзиши дороиҳо зикр намешавад, лекин аз рӯи шумора «Агроинвестбонк» пешсаф аст.

Ба рӯйхати дороиҳои «Агроинвестбонк» дар маҷмӯъ 730 иншооти дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҷойгиршуда, аз ҷумла бинои Сарбонк, 60 филиал ва 5 маркази хизматгузорӣ дохил шудаанд. Ҳамчунин минтақаҳои истироҳату фароғат дар дараи Варзоб, иқтидорҳои гуногуни хурди истеҳсолӣ, фермаву анбор, нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориву таъмири воситаҳои нақлиёт, марказҳои савдо, мағоза, дорухона, қаҳвахона, марказҳои хизматрасонии маишӣ, хона ва манзилҳои сершумор низ ба ин бонк мутааллиқанд.

Рӯхати дороиҳои «Тоҷиксодиротбонк» аз 52 иншоот, аз ҷумла бинои Сарбонк ва 43 бинои филиалҳои бонк дар кишвар, ҶСП «Душанбе Молл» (гипермаркет «Ашан»), меҳмонхонаи «Тоҷикистон» дар Душанбе, 8 блоки манзили нуҳошёна дар ноҳияи Данғара, корхонаҳои ресандагӣ дар ноҳияҳои Данғара ва Фархор, корхонаҳои коркарди нахи пахта дар вилояти Хатлон ва ҳамчунин корхонаи таъмири автомобилҳо иборат аст.

Дар номгӯи дороиҳои «Тоҷпромбонк» 117 иншоот, аз қабили бинои Сарбонк, 22 бинои филиалҳо ва марказҳои хизматгузории бонкӣ зикр шудааст. Ин бонк ҳамчунин дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дорои манзилҳои сершумор ва дигар иншоот аст.

Ба рӯйхати дороиҳои «Фононбонк» 37 иншоот – бинои Сарбонк, чор бинои филиалҳои бонк, хонаҳову ҳавлӣ, дигар манзилҳои зист ва ғайра дохил шудааст.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки ҳукумати Тоҷикистон воситаҳои корхонаву ташкилотҳои буҷетиро аз бонкҳои дучори мушкил бозпас мегирад. Ин воситаҳо пурра ба суратҳисоби ягонаи Хазинадории марказии Вазорати молия гузаронида шуда, дар муддати як сол истифодаи онҳо маҳдуд мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.