Вазорати маориф: «Миёни иштирокчиёни занозанӣ танҳо 1 нафар хонандаи мактаб аст»

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар робита ба маълумот доир ба муноқишаву занозанӣ байни ҷавонони пойтахт, ки аз онҳо толибилмони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 43, 54 ва 101-уми ноҳияи Сино ном бурда мешуд, шарҳи расмӣ пешниҳод кард, ки онро дар зер бидуни тағйир манзуратон мегардонем. «Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муноқишаи […]

Asia-Plus

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар робита ба маълумот доир ба муноқишаву занозанӣ байни ҷавонони пойтахт, ки аз онҳо толибилмони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 43, 54 ва 101-уми ноҳияи Сино ном бурда мешуд, шарҳи расмӣ пешниҳод кард, ки онро дар зер бидуни тағйир манзуратон мегардонем.

«Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муноқишаи санаи 2-юми январи соли 2017 (тахминан соати 21:40 дақиқа) рухдода иттилоъ медиҳад, ки 2 гурӯҳ ҷавонписарони номаълум аз ҳиссиёти авбошӣ ва маҳалгароӣ бо маслиҳати пешакӣ, дар кӯчаи Клагенфурти шаҳри Душанбе дар ҳайати то 20 нафар бо мақсади ба ҳамдигар расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ бо худашон предметҳои ба сифати яроқ истифодашаванда, аз қабили «корд», «оҳан» ва «битта» гирифта, дар суроғаи шаҳри Душанбе, шаҳраки 104-ум якдигарро зада, муддати 15-20 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд.

Дар натиҷаи муноқиша шаҳрвандон Хоҷаев Иброҳим Ибодуллоевич, соли таваллудаш 07 апрели соли 1998, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Ободкорон, ҷароҳати ҷисмонӣ дар шакли захми халандаю бурандаи гузарандаи шикам бо зарарёбии ҷигар, талхадон, ғадуди зери меъда бо хунравии даруна ва Шарипов Сомон Шарофиддинович, соли таваллудаш 09 майи соли 1999, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Муҳаммадиев, ҷароҳати ҷисмонӣ дар шакли захми буридани зери зонуи рост бардошта ба беморхонаи Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол ёфта, дар натиҷа аз ҷароҳатҳои гирифтаашон дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Ҳангоми гузаронидани як қатор чорабиниҳо оперативӣ -ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ин ду гурӯҳ ҷавонписарон, аз як тараф аз шаҳраки 102-юм ва тарафи дигар аз шаҳраки 104-ум шаҳри Душанбе мебошанд. Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки сабаби асосии сар задании муноқиша ин маҳалгароӣ байни шаҳракҳои 102 ва 104-ум мебошад. Айни замон 14 нафар иштикрочиёни муноқиша муайян карда шуда, 11 нафари онҳо дастгир карда шудаанд ва 8 нафарашон айни замон дар маҳкамаи муваққатии нигаҳдории Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе қарор доранд.

Бояд махсус қайд кард, ки тибқи моддаи 16, банди 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» «Бо қарори мақоми идоракунии муассисаи таълимӣ ва дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии идоракунии маориф барои мунтазам содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ ва риоя накардани оинномаи муассисаи таълимӣ хонандае, ки ба сини 16 расидааст, аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешавад». Аз ин рӯ, аз иштирокчиёни муноқиша 4 нафар тибқи моддаи 16, банди 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бинобар сабаби «мунтазам содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ ва риоя накардани Оинномаи муассисаи таълимӣ, иштирок накардан дар дарсҳо» аз 30.11.2016 аз сафи хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 хориҷ карда шудаанд ва ба муассисаи таълимӣ ягон алоқамандие надоранд.

Дар ҳақиқат, аз иштирокчиён танҳо як нафар хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №101 буда, дигар иштирокдорон хонандаи мактаб набуда, ба мактаб иртибот надоранд».

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар ин робита, 2-юми январи соли 2017, соати 22:00-и шаб ҷавонписарони маҳаллаи 103 ва 102-юми шаҳри Душанбе дар маҳаллаи 104 аз сабаби муноқишаи бамиёномода, байни ҳам занозанӣ намуда, дар натиҷа 2 нафар: Хоҷаев Иброҳим Ибодуллоевич соли таваллудаш 1998 ва Шарифов Сомон Шарофиддинович соли таваллудаш 1999 бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба ҳалокат расидаанд.

Гуфта мешавад, гумонбарон боздошт шуда, аз рӯи ин қазия тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.