Даргузашти иштирокчии 100-солаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Турсунзода

Asia-Plus

Собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Шерхон Қодиров дар шаҳри Турсунзода аз олам даргузашт. Дар маъракаи ҷанозаи ӯ аз саросари ҷумҳурӣ хеле зиёд мардум иштирок карданд.

Ба гуфтаи Ҳаитбобо Ҳаитов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Турсунзода, сарфи назар аз пиронсолӣ, тайи 17 соли ахир Қодир-бобо Шерхонов дар ҳаёти ҷамъиятии шаҳр фаъолона ширкат меварзид. «Ӯ муовини раиси Шӯрои собиқадорон буда, дар тамоми чорабиниҳои ободонии шаҳр иштирок мекард», – гуфт ӯ.

Ин собиқадори ҷангро ҳама мешинохтанд: дар сайругаштҳои оммавӣ ва ҷамъомадҳои ҷашнҳои 23 феврал, Наврӯз, Рӯзи Ғалаба ва Рӯзи истиқлолият ӯ суруди «Катюша» ва дигар сурудҳо замони ҷнгро хонда, лезгинка рақс мекард ва шиорҳои «Барои Ленин ва Сталин» ва «Марг ба фашизм!»-ро сари забон дошт.

Аз рӯи ҳуҷҷатҳо Қодир-бобо Шерхонов соли 1922 таваллуд шуда, вале худаш ҳамеша мегуфтааст, ки соли дақиқу дурусти зода шудани ӯ – соли 1920 аст.

Ҳангоми маросими ба хок супурдани собиқадори ҷангу меҳнат муллоҳо синни марҳумро ҳисоб карда, мувофиқи тақвими ҳиҷрӣ он расо ба сад сол баробар будааст. Қодир Шерхонов дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, то Берлин расидааст ва соҳиби чандин ордену медалҳо мебошад.

Тибқи маълумоти Шӯрои маҳаллии собиқадорони ҷангу меҳнат, замони ҷанг 4 ҳазору 356 нафар аз шаҳри Турсунзода ба ҷанг даъват шуда, 2 ҳазору 525 нафари онҳо аз майдонҳои набард ба хонаҳояшон барнагаштаанд.

Айни замон 15 иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон дар қайди Шӯро мебошанд. Ҳамагӣ ду сол пеш шумори онҳо 29 нафарро ташкил медод… 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...