WSJ: Трамп шумори хадамоти махсуси ИМА-ро кам карданист

Президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп шумори хадамоти махсуси кишварро кам карданист. Ба навиштаи The Wall Street Journal бо истинод ба манбаи наздик ба президенти оянда, коҳиши шумор ба Раёсати марказии иктишофӣ (СРУ)-и ИМА ва дафтари кории директори иктишофи миллӣ дахл хоҳад дошт. «Аз нигоҳи тими Трамп ҷаҳони иктишофӣ (ИМА) комилан ба сиёсат мегаравад. Ҳамаи онҳо […]

РБК

Президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп шумори хадамоти махсуси кишварро кам карданист.

Ба навиштаи The Wall Street Journal бо истинод ба манбаи наздик ба президенти оянда, коҳиши шумор ба Раёсати марказии иктишофӣ (СРУ)-и ИМА ва дафтари кории директори иктишофи миллӣ дахл хоҳад дошт.

«Аз нигоҳи тими Трамп ҷаҳони иктишофӣ (ИМА) комилан ба сиёсат мегаравад. Ҳамаи онҳо бояд «хароб шаванд». Ҳадаф (коҳиш – «Газета.Ru») дар он ифода хоҳад ёфт, ки азнавташкилдиҳӣ ва ҳамкории мутақобилаи онҳо бозбинӣ шавад», – гуфтааст яке аз манбаъҳо.

Бино ба маълумоти газета, дар роҳандозии ин ислоҳот собиқ роҳбари Раёсати иктишофи Пентагон генерал Майкл Флинн, ки дар маъмурияти Трамп мансаби мушовир оид ба амнияти миллиро мегирад, иштирок хоҳад кард. Ҳамчунин ба азнавсозии сохтори хадамоти махсус ҷумҳурихоҳ Майк Помпео низ ҷалб хоҳад шуд, ки Трамп ӯро роҳбари Раёсати марказии иктишофӣ (СРУ) таъин карданист. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.