Президент ивази прокурорҳоро маъқул шуморид

Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ таъин гардиданд ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тағйиротҳо дар мақомоти Прокуратура ва Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ сурат гирифтанд. Прокуророни як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҳисоби кадрҳои ҷавону корозмуда ва дорои […]

Asia-Plus

Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ таъин гардиданд ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тағйиротҳо дар мақомоти Прокуратура ва Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ сурат гирифтанд. Прокуророни як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҳисоби кадрҳои ҷавону корозмуда ва дорои савияи баланди тахассусӣ таъин гардиданд.

Гуфта мешавад, дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ як қатор тағироти кадрӣ сурат гирифта, сардорони Раёсати Қушунҳои сарҳадӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд аз ҳисоби афсарони дорои таҷрибаву малакаи хуби роҳбарӣ ва хатмкардагони муассисаҳои олии таҳсилоти ҳарбӣ дар дохил ва хориҷи кишвар таъин гардиданд.

Дар дастгоҳи марказии Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ вобаста ба таҷдиди сохтор барои идомаи фаъолияти касбӣ афсарону мутахассисони баландихтисос сафарбар шуданд. Қобили зикр аст, ки аксар кадрҳои таъингардида ҷавон, донандагони забонҳои хориҷӣ, соҳиби таҷрибаву малакаи муосири касбӣ мебошанд.

Сарвари давлат Раҳмон ба кадрҳои нав таъингардида доир ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, пешгирӣ аз амалҳои террористию ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои дорои характери коррупсионӣ, вазифаҳои мушаххас гузошт.

Дар идомаи сӯҳбат Президенти Тоҷикистон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншударо бори дигар барои хизмати содиқонаву софдилона ба манфиати давлату халқи Тоҷикистон ҳидоят намуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.