Минтақаҳо шабонарӯзӣ 17 соат барқ мегиранд

Шурӯъ аз имрӯз сокинони минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона бидуни маҳдудият бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. То ин замон интиқоли барқ ба минтақаҳои деҳоти кишвар аз соати 11:00 то 16:00 қатъ мегардид. «Мувофиқи ҷадвали нави чанде қабл қабулшуда минтақаҳо аз имрӯз муддати 17 соат – аз соати 05:00-и субҳ то 22:00-и шаб бо нерӯи барқ таъмин […]

Asia-Plus

Шурӯъ аз имрӯз сокинони минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона бидуни маҳдудият бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. То ин замон интиқоли барқ ба минтақаҳои деҳоти кишвар аз соати 11:00 то 16:00 қатъ мегардид.

«Мувофиқи ҷадвали нави чанде қабл қабулшуда минтақаҳо аз имрӯз муддати 17 соат – аз соати 05:00-и субҳ то 22:00-и шаб бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд, – гуфт ба «Азия-Плюс» дар ин робита сардори хадамоти матбуоти ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ. – Ин имкон ба туфайли мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе фароҳам шуд».

Намояндаи ширкати «Барқи тоҷик» зикр кард, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтани навбати дуюми ин Марказ иқтидори он то 400 МВт афзуд, ки акнун барои истеҳсоли то 9,6 кВт/соат нерӯи барқ дар як шабонарӯз имкон дода, ғайр аз ин, дар Марказ боз шабонарӯзӣ 235 гигакалорий гармӣ низ истеҳсол мешавад.

«Давоми моҳ Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 тадриҷан ба иқтидори лоиҳавӣ баромада, мутаносибан мо ҳам интиқоли барқ ба аҳолӣ дар минтақаҳои деҳотро зиёд кардем, – иброз дошт ӯ. – Ҳамчунин ёдрас карданиам, ки баъди ба истифода додани навбати дуюми Марказ, интиқоли барқ нахуст се соат ва нимаи моҳи декбар боз як соати дигар зиёд карда шуда буд».

Ёдрас мекунем, ки реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар Тоҷикистон расман аз 1 ноябри соли равон ҷорӣ гардида, он танҳо ба пойтахт ва шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ дахл надошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.