Фармони президенти Қирғизистон доир ба қабули собиқ тоҷикистониён ба шаҳрвандӣ

Date:

Президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев «Дар бораи қабул ба шаҳрвандии Қирғизистон» ва «Дар бораи хориҷ шудан аз шаҳрвандии Қирғизистон»  4 фармон ба имзо расонид.

Бино ба маълумоти сомонаи президенти Қирғизистон, аз фармонҳои баимзорасида 3-тоаш бобати қабули 137 нафар ба шаҳрвандии Қирғизистон дахл дорад, ки аксарияташонро қирғизҳои этникӣ – собиқ шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ташкил дода, ба ватани таърихиашон баргаштаанд.

Гуфта мешавад, фармони чоруми Алмазбек Атамбоев ба хориҷ шудани 56 нафар аз шаҳрвандии Қирғизистон марбут аст.

Қобили зикр аст, ки аз ин пештар 9 нафар тоҷикистониён ба мақоми шаҳрвандии Ӯзбекистон соҳиб шуда, фармон дар бораи қабули онҳоро президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев санаи 20 декабр ба имзо расонид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...