Фармони президенти Қирғизистон доир ба қабули собиқ тоҷикистониён ба шаҳрвандӣ

Президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев «Дар бораи қабул ба шаҳрвандии Қирғизистон» ва «Дар бораи хориҷ шудан аз шаҳрвандии Қирғизистон»  4 фармон ба имзо расонид. Бино ба маълумоти сомонаи президенти Қирғизистон, аз фармонҳои баимзорасида 3-тоаш бобати қабули 137 нафар ба шаҳрвандии Қирғизистон дахл дорад, ки аксарияташонро қирғизҳои этникӣ – собиқ шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ташкил дода, ба […]

Asia-Plus

Президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев «Дар бораи қабул ба шаҳрвандии Қирғизистон» ва «Дар бораи хориҷ шудан аз шаҳрвандии Қирғизистон»  4 фармон ба имзо расонид.

Бино ба маълумоти сомонаи президенти Қирғизистон, аз фармонҳои баимзорасида 3-тоаш бобати қабули 137 нафар ба шаҳрвандии Қирғизистон дахл дорад, ки аксарияташонро қирғизҳои этникӣ – собиқ шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ташкил дода, ба ватани таърихиашон баргаштаанд.

Гуфта мешавад, фармони чоруми Алмазбек Атамбоев ба хориҷ шудани 56 нафар аз шаҳрвандии Қирғизистон марбут аст.

Қобили зикр аст, ки аз ин пештар 9 нафар тоҷикистониён ба мақоми шаҳрвандии Ӯзбекистон соҳиб шуда, фармон дар бораи қабули онҳоро президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев санаи 20 декабр ба имзо расонид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.