Кумитаи тадорукоти Бозиҳои зимистонаи осиёӣ харҷи варзишгарони тоҷикро ба зимма гирифт

Маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ, ки аз 19-ум то 26-уми феврали соли 2017 дар шаҳри Саппорои Ҷопон баргузор мешавад, дар Маҷмааи лижаронии кӯҳии "Сафед-Дара”-и ноҳияи Варзоб омодагӣ мегиранд.

Бино ба иттилои Маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ин бора Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, рӯзи 5-уми январ хабар додааст. Вай гуфтааст, "ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Баҳриддин Ғоибов, Баракатулло Зокиров, Сайфиддини Низомиддин, Соҳибназари Турсунмурод ва мураббӣ Илҳомиддин Абдуллоев дохиланд. Варзишгарони тоҷик дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъҳои слаломи хурд ва слаломи бузург ширкат хоҳанд кард.”

Ба гуфтаи Муҳаммадшо Абдуллоев, Кумитаи тадорукоти Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ харҷи роҳкиро, ҷойи хоб ва ғизои чор варзишгару як мураббиро ба зиммаи худ гирифтааст.

– Кумитаи миллии олимпӣ  дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон барои ду варзишгар – Баҳриддин Ғоибов ва Баракатулло Зокиров – стипендияи олимпӣ дарёфт намуданд. Маблағи якмоҳаи стипендия барои як варзишгар 1500 доллари ИМА-ро ташкил дода, аз 1-уми ноябри соли 2016 то 1-уми феврали соли 2018 пардохт карда мешавад, – иброз дошт М. Абдуллоев.

Дар Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ ҳудуди 1500 нафар варзишгарону мураббиён ва шахсони расмӣ аз 30 кишвари қора иштирок хоҳанд кард. Мусобиқот аз рӯи 11 намуди варзиш – биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, пойгаи лижаронӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, сноуборд, рақси рӯи ях, фристайл, хоккей бо шайба, шорт-трек –  баргузор хоҳад шуд.

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ дар Саппоро 19-уми феврал баргузор мешавад.

Бояд тазаккур дод, барои севумин бор аст, ки шаҳри Саппоро мизбони Бозиҳои зимистонаи осиёӣ мешавад. Аз ин пеш солҳои 1986 ва 1990 дар ин ҷо Бозиҳои зимистонаи қитъавӣ баргузор шуда буданд. Дар Саппоро соли 1972 Бозиҳои XI зимистонаи олимпӣ низ доир шудаанд. Саппоро, ҳамчунин мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2002 буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.