Нилуфари гумшуда баъди 7 рӯз ниҳоят дарёфт шуд

Радиои Озодӣ

Дар рӯзи ҳафтуми ҷустуҷӯҳо Нилуфар Ортиқоваи 27-сола ниҳоят пайдо шуд. Чанд раҳгузар, ки симои ин ҷавонзани овораро дар матбуот дида буд, ӯро шоми 5 январ дар назди донишгоҳи политехникии Душанбе дида шинохтаанд ва базудӣ ба хешовандонаш хабар дод.

Наврӯз Ортиқзода, бародари Нилуфар дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ баъди соати 21 рӯзи панҷшанбе гуфтааст, хоҳарашро соате пеш бо кӯмаки роҳгузарҳо ниҳоят пайдо кардаанд.

"Ба мо занг зада гуфтанд, ки Нилуфарро дар маҳаллаи Политехнический, дар назди клиникаи бемориҳои пӯст дида, ӯро бо баҳонае дар он ҷо нигоҳ медоранд. Мо зуд ба он ҷо шитофтем ва ӯро шинохтем. Ҳолаш ошуфта буд ва моро нашинохт. Вале ҳоло мо ӯро гирифта дар дохили мошин ба хона, ба Турсунзода ҳаракат мекунем", – гуфтааст Наврӯз.

Гуфта мешавад, Нилуфар Ортиқоваи 27-сола, донишҷӯи соли севуми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шоми 30 декабри соли 2016 бо сару либоси сабук ва номуносиб ба сардиҳои зимистон аз хонаи падар дар шаҳри Турсунзода берун рафта ба Душанбе расид. Наздикони Нилуфар ба Шӯъбаи корҳои дохилии ​Турсунзода ариза дода, ҷустуҷӯи ӯро дархост карданд ва баробар бо ин матбуот ва сокинони ҷумҳуриро ҳам ба ҷустуҷӯи хоҳари худ даъват карданд.Онҳо гуфтанд, ки Нилуфар мушкили равонӣ дорад ва шояд бо ҳамин сабаб ҳам якбора аз хона берун рафту нопадид шуд.

Наздикон бовар доранд, мушкилоти равонии духтари аз шавҳар ҷудошудаашон боиси ба ин ҳол гирифтор шудани ӯ гардидааст. Онҳо мегӯянд, мушкилоти равонии духтар баъди оиладор шуданаш сар шуд ва пас аз тоқатфарсо шудани зиндагӣ дар манзиле, ки, ба таъкиди наздикон, пур аз хушунат буд, ба хонаи падар баргашт. Ин ҷавонзан соҳиби як фарзанд буда, ҳоло кӯдакашро волидон нигоҳубин мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон устуворона дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад (ГРАФИКАҲО)

Тоҷикистон аз рӯйи ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулои дохилӣ (ММД)-и номиналӣ  тайи се сол аст, ки пайдарпай дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад. Бино...

wdsdwdfsad

safsfsfsfsdf

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.