Нилуфари гумшуда баъди 7 рӯз ниҳоят дарёфт шуд

Дар рӯзи ҳафтуми ҷустуҷӯҳо Нилуфар Ортиқоваи 27-сола ниҳоят пайдо шуд. Чанд раҳгузар, ки симои ин ҷавонзани овораро дар матбуот дида буд, ӯро шоми 5 январ дар назди донишгоҳи политехникии Душанбе дида шинохтаанд ва базудӣ ба хешовандонаш хабар дод. Наврӯз Ортиқзода, бародари Нилуфар дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ баъди соати 21 рӯзи панҷшанбе гуфтааст, хоҳарашро […]

Радиои Озодӣ

Дар рӯзи ҳафтуми ҷустуҷӯҳо Нилуфар Ортиқоваи 27-сола ниҳоят пайдо шуд. Чанд раҳгузар, ки симои ин ҷавонзани овораро дар матбуот дида буд, ӯро шоми 5 январ дар назди донишгоҳи политехникии Душанбе дида шинохтаанд ва базудӣ ба хешовандонаш хабар дод.

Наврӯз Ортиқзода, бародари Нилуфар дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ баъди соати 21 рӯзи панҷшанбе гуфтааст, хоҳарашро соате пеш бо кӯмаки роҳгузарҳо ниҳоят пайдо кардаанд.

"Ба мо занг зада гуфтанд, ки Нилуфарро дар маҳаллаи Политехнический, дар назди клиникаи бемориҳои пӯст дида, ӯро бо баҳонае дар он ҷо нигоҳ медоранд. Мо зуд ба он ҷо шитофтем ва ӯро шинохтем. Ҳолаш ошуфта буд ва моро нашинохт. Вале ҳоло мо ӯро гирифта дар дохили мошин ба хона, ба Турсунзода ҳаракат мекунем", – гуфтааст Наврӯз.

Гуфта мешавад, Нилуфар Ортиқоваи 27-сола, донишҷӯи соли севуми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шоми 30 декабри соли 2016 бо сару либоси сабук ва номуносиб ба сардиҳои зимистон аз хонаи падар дар шаҳри Турсунзода берун рафта ба Душанбе расид. Наздикони Нилуфар ба Шӯъбаи корҳои дохилии ​Турсунзода ариза дода, ҷустуҷӯи ӯро дархост карданд ва баробар бо ин матбуот ва сокинони ҷумҳуриро ҳам ба ҷустуҷӯи хоҳари худ даъват карданд.Онҳо гуфтанд, ки Нилуфар мушкили равонӣ дорад ва шояд бо ҳамин сабаб ҳам якбора аз хона берун рафту нопадид шуд.

Наздикон бовар доранд, мушкилоти равонии духтари аз шавҳар ҷудошудаашон боиси ба ин ҳол гирифтор шудани ӯ гардидааст. Онҳо мегӯянд, мушкилоти равонии духтар баъди оиладор шуданаш сар шуд ва пас аз тоқатфарсо шудани зиндагӣ дар манзиле, ки, ба таъкиди наздикон, пур аз хушунат буд, ба хонаи падар баргашт. Ин ҷавонзан соҳиби як фарзанд буда, ҳоло кӯдакашро волидон нигоҳубин мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.