Cтратегҳои тоҷик: сатҳи баланди озодии баён барои кишварҳои рушднаёфта зараровар аст

Asia-Plus

Раҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти Тоҷикистон бар ин назар аст, ки барои журналистон дар ҷумҳурӣ ба таврӣ кофӣ шароити озодии баён фароҳам оварда шудааст. Қатъи фаъолияти чанде аз ВАО-ро бошад, дар Марказ ба мушкилоти иқтисодӣ нисбат медиҳанд.

«Тайи 10-15 соли ахир мо шоҳиди он гаштем, ки бисёре аз ВАО дар шароити иқтисоди бозаргонӣ ба рақобат тоб наоварда, баста шуданд. Қатъи фаъолияти ин ВАО, пеш аз ҳама ба муфлисшавӣ марбут буда, ба масъалаҳои озодии баён ҳеҷ рабте надорад», – гуфт директори МТС Худойбердӣ Холиқназар зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе.

Ба ақидаи ӯ, озодие, ки барои журналистони тоҷик фароҳам аст, дар аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин озодӣ вуҷуд надорад.

Роҳбари Марказ аз журналистон даъват кард, ки зимни таҳияи маводҳои худ каме эҳтиёткор бошанд. Ӯ чунин мешуморад, ки дар шароити ноамнии ҷаҳон «бозиҳои демократия» ба дубора ноамн шудани вазъ дар ҷумҳурӣ оварда расонида метавонанд.

Холиқназар мутмаин аст, ки гуногунандешии аз ҷониби кишварҳои абарқудрат ба давлатҳои Шарқи Наздик таҳмилшуда ба оқибатҳои ногувор боис гардид.

«Мо таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидем ва бо ҳар роҳу восита бояд аз сулҳу ризоят миёни тоҷикон ҳимоя намоем, на балки дар ҷомеа тафриқа андозем», – афзуд ӯ.

Ба ақидаи муовини аввали роҳбари МТС Сайфулло Сафаров, озодии баёни беҳад зиёд дар ҷомеаҳои ноустувор ба давлат зарар расонида метавонад.

«Дар кишварҳои рушдёфта озодии баён ҳар қадаре зиёд бошад, ҳамон қадр хубтар аст. Дар ин кишварҳо озодии баён омили суботу сулҳ ва фаъолшавии шаҳрвандон аст, аммо барои кишварҳое, ки дар ҳоли гузариш қарор доранд, сатҳи баланди озодии баён зиёновар аст», – мегӯяд Сафаров.

Қобили зикр аст, ки тайи соли ахир дар Тоҷикистон чор ВАО – газетаҳои «Вечерний Душанбе», «Дам», «Нигоҳ» ва агентии «ТоҷНюс» аз фаъолият бозмонданд. Боз чанде аз ВАО дар ҳоли басташавӣ қарор дошта, беш аз 10 нафар журналистон Тоҷикистонро тарк карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.