Ташкили гурӯҳи таъиноти махсус барои куштани Ким Чен Ин дар ҳолати ҷанг

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ воҳиди таъиноти махсусеро ташкил медиҳанд, ки вазифаи асосии он аз байн бурдани пешвои Кореяи Шимолӣ Кин Чен Ин ва раҳбарияти ин давлат дар ҳолати ҷанг хоҳад буд. Бино ба маълумоти «Медуза» бо такя ба агентии «Ренхап»-и Кореяи Ҷанубӣ, ин воҳид давоми соли 2017 ташкил шуда, ҳайати он аз 1 […]

Asia-Plus

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ воҳиди таъиноти махсусеро ташкил медиҳанд, ки вазифаи асосии он аз байн бурдани пешвои Кореяи Шимолӣ Кин Чен Ин ва раҳбарияти ин давлат дар ҳолати ҷанг хоҳад буд.

Бино ба маълумоти «Медуза» бо такя ба агентии «Ренхап»-и Кореяи Ҷанубӣ, ин воҳид давоми соли 2017 ташкил шуда, ҳайати он аз 1 ё то 2 ҳазор нафар бо шумули низомиёни амрикоӣ иборат хоҳад буд ва амалиёти мазкурро Кореяи Ҷанубӣ роҳбарӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея (Кореяи Шимолӣ)  дар ҳолати ҷанг қарор доранд, чунки низоъи солҳои 1950-1953 танҳо бо оштишавӣ ба анҷом расида, миёни кишварҳо шартномаи сулҳ имзо нашудааст.

Кореяи Шимолӣ мунтазам ба ҳамсоякишвараш – Кореяи Ҷанубӣ ва ИМА бо ҷанги ҳастаӣ (ядроӣ) таҳдид мекунад. Кореияи Шимолӣ дорои аслиҳаи ҳастаӣ буда, ҳамчунин дар ин кишвар дар самти муваффақ гардидан ба бунёди воситаҳои интиқол (расонанда)-и он низ фаъолона кору таҳқиқот роҳандозӣ шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.