Нисбати ИИАО Тоҷикистон минбаъд низ аз таҷрибаи дигарон сабақ меомӯзад

Asia-Plus

Тоҷикистон танҳо пас аз омӯзиши дақиқи таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя, ки аллакай аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) мебошанд, узви ин Иттиҳод шуда метавонад.

«Мавқеи Тоҷикистон оид ба ин масъаларо ҳанӯз соли 2013 президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баён карда буд. Вақте раванди таъсиси Иттиҳод оғоз гардида буд, президенти мо дар Маскав изҳор карда буд, ки мо бодиққат ин лоиҳаро мавриди омӯзиш қарор дода, ҳамаи ҷиҳатҳои манфӣ ва мусбаташро баррасӣ мекунем», – гуфт директори Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти ҶТ Худойбердӣ Холиқназар зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе.

Ӯ қайд кард, ки айни замон низ Тоҷикистон дар ҳоли омӯзишу баррасии паҳлӯҳои гуногуни узвият дар ИИАО қарор дорад.

«Омӯзиши ин ҷараёнро кори осон мапиндоред. Барои ин ба мо омӯхтани таҷрибаи Қирғизистону Қазоқистон лозим аст, ки ба ин Иттиҳод ворид шудаанд: онҳо ба чӣ гуна даствоардҳое ноил гардидаанду ба чӣ гуна нокомиҳо дучор шудаанд. Ҳамаи инро мо бояд донем. Минбаъд агар ягон нияти мушаххас пайдо шавад, мо бояд ҳамаи ҷиҳатҳои манфӣ ва мусбатро донем», – афзуд роҳбари МТС.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти таҳқиқоти Бонки авруосиёии рушд, соли гузашта дастгирии узвияти имконпазири Тоҷикистон ба ИИАО аз ҷониби ҷомеа то 68% поин рафтааст.

«Коршиносон сатҳи ба таври кофӣ баланди маъқул шуморидани ҳамгиройии авруосиёӣ дар Тоҷикистон – номзади бештар воқеъии узвият ба ИИАО-ро зикр мекунанд. Дар он ҷо соли 2016 дастгириии узвияти имконпазири Тоҷикистон ба Иттиҳод аз ҷониби ҷомеа 68% (соли 2015 – 72%)-ро ташкил дод, ки ин барои қарори имконпазири сиёсӣ дар ин самт шароити мусоид фароҳам меоварад», – қайд мешавад дар таҳқиқоти ҳамасолаи «Барометри ҳамгиройии Бонки авруосиёии рушд».

Қобили зикр аст, ки кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Русия аъзои ИИАО мебошанд. Санаи 21 майи соли гузашта Қирғизистон ба узвияти он пазируфта шуда, санаи 25 май Ветнам ба минтақаи савдои озод бо кишварҳои ин Иттиҳод ҳамроҳ шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...