Раиси Хатлон: собиқ раиси Кундуз бояд аз мардуми тоҷик узр пурсад

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода мутмаин аст, ки собиқ раиси вилояти Кундузи Афғонистон бояд барои изҳороти беасоси худ узр пурсад. Ин ҷо дар бораи изҳороти Умар Софӣ сухан меравад, ки дар мусоҳиба ба як пойгоҳи радиоии афғонӣ зикр карда буд, ки мутахассисони рус дар қаламрави Тоҷикистон техникаи ҳарбии толибонро таъмир мекунанд.

Зимни нишасти хабарии имрӯза дар Қӯрғонтеппа раиси вилояти Хатлон зикр кард, ки изҳороти собиқ волӣ ё раиси вилояти Кундуз Умар Софӣ нисбати Тоҷикистон туҳмат аст ва ӯ уҳдадор аст, ки аз мардуми тоҷик узр бипурсад.

«Чунин изҳорот барои зиён овардан ба муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя баён карда мешаванд. Президенти мо дар арсаи байнулмилалӣ доимо даъват мекунад, ки масъалаи низоъ дар Афғонистон бо роҳи осоишта ҳал шавад, зеро Тоҷикистон ба суботу амни вазъ дар Афғонистон манфиатдор аст. Пеш аз изҳорот дар чунин рӯҳия, ки аз ҷониби Умар Софӣ баён карда шуд, аввал мебояд вазъро омӯхт ва қабл аз сухан гуфтан андеша мебояд кард, – гуфт Гулмҳмадзода. – Тоҷикистону Афғонистонро дарёи Панҷ аз ҳам ҷудо мекунад ва ин ҷо бобати интиқоли техника ҷои сухан гуфтан нест. Ин ғайриимкон мебошад. Чаро Кобули расмӣ ва раҳбарияти имрӯзаи Кундуз дар ин бора ҳарфе намезананду волии пешин сухан мегӯяд. Ман бар ин фикрам, ки барои изҳороти беасосаш ӯ бояд аз мардуми тоҷик маъзарат хоҳад».

Ёдрас мекунем, ки раиси пешини вилояти Кундуз Умар Софӣ, дар гуфтугӯ бо радиои паштузабони "Spogmai" гуфта буд, ки кӯмаки Русия ба Толибон сабаби афзоиши ҳамлаҳои Толибон дар Кундуз ва ду бор суқути ин вилоят шудааст.

Дар ин хабар, ки шуморе аз расонаҳои Афғонистон онро бознашр кардаанд, Умар Софӣ изҳор дошта буд, ки муҳимоти ҷангӣ ва воситаҳои нақлиёт, ки дар ҷараёни ҷанг аз нерӯҳои амниятии афғон ба дасти Толибон меафтанд, ба Тоҷикистон интиқол ёфта ва барои Толибон тармим мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи иди баҳор –Наврӯз дастархони идона омода карда, дар он анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ гузоранд. Муҳимтарини...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...