Роҳбари МТС: Русия бо толибон дар бозӣ аст, то ки онҳоро муқобили ДИ истифода кунад

Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти ҶТ Худойбердӣ Холиқназар изҳор дошт, ки тамоми кишварҳои бузурге, ки гирду атрофи Афғонистон қарор доранд, барои роҳандозии робитаҳо бо толибон талош меварзанд. Дар сафи чунин кишварҳо ӯ Чин, Русия, Покистон ва ҳатто Эронро номбар кард. «Аз соли 2010 тамоми кишварҳои бузурги минтақа воқеъан бо […]

Asia-Plus

Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти ҶТ Худойбердӣ Холиқназар изҳор дошт, ки тамоми кишварҳои бузурге, ки гирду атрофи Афғонистон қарор доранд, барои роҳандозии робитаҳо бо толибон талош меварзанд. Дар сафи чунин кишварҳо ӯ Чин, Русия, Покистон ва ҳатто Эронро номбар кард.

«Аз соли 2010 тамоми кишварҳои бузурги минтақа воқеъан бо толибон сарукор доранд. Дар Қатар бо онҳо гуфтушунидҳо ҷараён дошта, чиниҳо бо онҳо якчанд маротиба дар Урумчи вохӯрданд», – иброз дошт ӯ.

Ба ақидаи Холиқназар, танҳо баъди афзудани шумори бахшҳои Давлати исломӣ (ДИ) дар Афғонистон, Русия бо онҳо ба бозӣ шурӯъ кард.

«Баъди аз Ироқ барои дастгирии бахшҳои Давлати исломӣ дар Афғонистон фиристодани 70 млн. доллар, шумори бахшҳои он натанҳо дар ҷануби ин кишвар афзуд, балки онҳо дар шимоли Афғонистон низ пайдо шуданд. Намояндаи махсуси Русия дар Афғонистон Замир Кобулов изҳор кард, ки Русия бо толибон робита дорад ва ин робитаҳо барои муқовимат бо Давлати исломӣ истифода мешаванд», – қайд кард ӯ.

Ёдрас мекунем, ки ахиран Замир Кобулов дар ин робита изҳор дошта буд, ки Толибон бар зидди касоне меҷанганд, ки "мо дар баробарашон дар Сурия даргирӣ ҷанг ҳастем ва бо ҳамин сабаб, манофеъ моро ба ҳам наздик мекунад". Вай гуфта буд, ки Толибон ва Русия дар баробари гурӯҳи "Давлати исломӣ" мавзеъгирии муштарак ва яксон доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.