Сафири афғон Тоҷикистонро «кишвари русӣ»-и дорои мафияи пуриқтидор номид

Радиои Озодӣ

Сафири Афғонистон дар Русия Абдулқаюм Кӯчӣ, хеши наздики президенти ин кишвар Ашраф Ғанӣ изҳор кардааст, ки "дар Тоҷикистон гурӯҳҳои пурқуввати мафиёӣ ҳастанд, ки бо қочоқи маводи мухаддири Афғонистон машғуланд".

«Тоҷикистон як кишвари бисёр кӯчак аст, ҳатто панҷ миллион аҳолӣ надорад ва як миллиони он ҳам рус аст. Фарҳанг ва забони расмиашон русӣ аст. Ҳақ надоранд, забони худро бинависанд ва ҳатто алифбои дариро тағйир додаанд. Мафия дар ин кишвар бисёр фаъол аст», – овардааст гуфтаҳои ӯро Радиои Озодӣ аз мусоҳибаи видеоӣ.

Абдулқаюм Кӯчӣ дар як мусоҳиба ба видеоблоггер Шафеъ Айёр, ки чанд рӯз қабл дар YouTube пайдо шуд, Русияро ҳам дар қочоқи маводи мухаддир айбдор кардааст.

«Дар як вохӯриам бо мансабдори воломақоми рус ба ӯ гуфтам, ки маводи мухаддир дар Афғонистон кишт мешавад, вале пушти он Шумо ҳастед (русҳо), пушти он мафияи Тоҷикистон аст», – иброз доштааст номбурда.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳарчанд хабари мулоқоти Зоҳидӣ бо Юнусиро дар таърихи 5 январ дар Душанбе пахш кард, аммо гуфтааст, дар ин нишаст асосан масоили ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуда, зарурати таҳкими ҳамкориҳо дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амният таъкид шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ ба истинод ба ВАО-и афғонӣ менависад, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон намояндаи расмии Кобул дар Душанбе Залмай Юнусиро дар вокуниш ба изҳороти ахири Абдулқаюм Кӯчӣ ба ин идора даъват карда, дар ин робита ба Вазорати умури хориҷии Афғонистон нота ё ёддошти эътирозӣ ирсол кардааст.

«Изҳороти сафири Афғонистон дар Русия Абдулқаюм Кӯчӣ доир ба дар Тоҷикистон мавҷуд будани гурӯҳҳои мафиозии пурқувват, ки ба қочоқи маводи мухаддир машғуланд, ба ҳазёни шахси на он қадр солим монанд аст», – гуфт ба «Азия-Плюс» сиёсатшиноси тоҷик, коршиноси масоили Афғонистони муосир Қосими Бекмуҳаммад.

«Воқеияти имрӯзаи Афғонистон чунин аст, ки сафирони Кобул дар кишварҳои пуриқтидорро бевосита президенти Муҳаммад Ашраф Ғанӣ таъин карда, вазифаи сафири кишвар дар Маскавро ба тағои худ Абдулқаюм Кӯчӣ бовар кардааст, ки ахири соли гузашта ба як видеоблоггери афғон чунин изҳорот баён карда буд», – қайд кард Қосими Бекмуҳаммад. – Сафир ба баёни чунин изҳороти ҷанҷолбарангезу беасос, ки аз дипломатия фарсахҳо дур аст, ҳуқуқ надорад».

Сайфулло Муллоҷонов, коршиноси мустақил, ба Радиои Озодӣ дар ин робита гуфтааст, дар сатҳи як дипломат гуфтани ин гуна ҳарфҳо хандаовар аст. "Агар муҷрӣ муаррифӣ намекард, касе мутаваҷҷеҳ намешуд, ки ин шахс сафир аст. Зеро сӯҳбаташ дур аз урфи дипломатӣ аст. Дигар, дар мавриди ҷамъияти як кишвар маълумоти кофӣ надорад. Маълумоте ироа мекард, ба солҳои 1980 рабт мегирад, ки он замон воқеан аҳолии Тоҷикистон 5 миллион нафар буд. Аммо дар он замон ҳам теъдоди русҳо дар Тоҷикистон 1 миллион нафар набуд, беш аз 300 ҳазор нафар буд", – хулоса кардааст ӯ.

Дар навбати худ, Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир, изҳор доштааст, ки «дар Тоҷикистон дар ҳеч давру замон гурӯҳҳои мафиёии маводи мухаддир вуҷуд надошта ва танҳо гурӯҳҳои муташаккил ба қочоқи маводи мухаддир даст мезананд».

Як манбаъ дар сафорати Афғонистон дар Душанбе рӯзи 9 январ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, "ибрози назарҳои Абдулқаюм Кӯчӣ ба шахси худаш марбут буда ва ин ба сиёсати давлати Афғонистон дар қиболи Тоҷикистон рабт надорад."

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.