Баҳогузории кори додситонҳои Ӯзбекистон бар пояи раддабандӣ

Шавкат Мирзиёев, президенти нави Ӯзбекистон дар суҳбат бо кормандони мақомоти додситонии ин кишвар гуфтааст, ки аз ин ба баъд дар назди мардум ҳисобот медиҳанд ва фаъолияташон бар пояи раддабандӣ баҳогузорӣ мешавад. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Мирзиёев ҳамчунин аз додситонҳо, ки тайи солҳои ахир ба "айбдоркунанда" табдил ёфтаанд, хостааст, то барои касби […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Шавкат Мирзиёев, президенти нави Ӯзбекистон дар суҳбат бо кормандони мақомоти додситонии ин кишвар гуфтааст, ки аз ин ба баъд дар назди мардум ҳисобот медиҳанд ва фаъолияташон бар пояи раддабандӣ баҳогузорӣ мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Мирзиёев ҳамчунин аз додситонҳо, ки тайи солҳои ахир ба "айбдоркунанда" табдил ёфтаанд, хостааст, то барои касби унвони "ҳимоятгар" талош кунанд. Мулоқоти мазкур дар арафаи Рӯзи кормандони мақомоти додситонии Ӯзбекистон баргузор шуд, ки ҳамасола 8 январ таҷлил мешавад.

"Сар аз соли 2017 низоми ҳисоботдиҳии тамоми ҳокимони сатҳҳои гуногун, сардорони ниҳодҳои додситонию корҳои дохилӣ роҳандозӣ мешавад. Ба ҷуз ин, дар минтақаҳо раддабандии фаъолияти додситонҳо сурат хоҳад гирифт, ки бар пояи натоиҷи он фаъолияти онҳо баҳогузорӣ мешавад", – афзудааст президенти Ӯзбекистон.

Шавкат Мирзиёев, ки гуфтааст, аз ҳар қарори додситонҳо тақдири инсон вобастааст, афзудааст, "бештари муроҷиатҳо ба қабулгоҳи маҷозии сарвазир марбути фаъолияти додситонҳост". "Ин хеле таассуфовар аст. Барои чӣ дар зиндагии мардум мушкилот меафзояд? Бахши бештари ин муроҷиатҳо натиҷаи бемасъулиятии раҳбарони ниҳодҳои дахлдор, бахусус мақомоти додситонист", – изҳор доштааст вай.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.