Поккории Душанбе аз наврасони бекорхӯҷаву оворагард

Бо мақсади ошкору пешгирӣ намудани ҳолатҳои ба талбандагиву оворагардӣ ва дигар аъмоли нолоиқ даст задани насли наврас, дар асоси Нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Вазорати корҳои дохилӣ, давоми моҳи январи соли равон дар ҳудуди шаҳри Душанбе амалиёти «Оворагард» гузаронида шуда истодааст. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, аз ҷумла, дар рӯзҳои аввали баргузории ин гуна чораандешиҳо аз […]

Asia-Plus

Бо мақсади ошкору пешгирӣ намудани ҳолатҳои ба талбандагиву оворагардӣ ва дигар аъмоли нолоиқ даст задани насли наврас, дар асоси Нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Вазорати корҳои дохилӣ, давоми моҳи январи соли равон дар ҳудуди шаҳри Душанбе амалиёти «Оворагард» гузаронида шуда истодааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, аз ҷумла, дар рӯзҳои аввали баргузории ин гуна чораандешиҳо аз тарафи кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) ВКД, дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҳолатҳои зиёди машғул шудани ноболиғону ҷавонони беҳудагард ба бозиҳои компютерии хусусияти зӯроваридошта муайяну ошкор карда шуданд.

«Аз ҷумла, тавре аз рафти баргузории амалиёти мазкур аён гардид, ноболиғони зиёд рӯзонаву шабона беназорат дар кӯчаву хиёбонҳо гаштугузор намуда, аксаран ба корҳои зараровар, хусусан ба ҳар гуна бозиҳои компютерӣ, ки боиси ҷой гирифтани рафтору кирдорҳои бадахлоқона ба тафаккури насли наврас мегарданд, машғул мешаванд», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, дар бештари маврид маҳз беҳудагардиву дур аз назорати падару модар будани ноболиғон боиси ба ҳар гуна роҳҳои хато рафтани онҳо мегарданд.

Зикр мегардад, ки нисбати волидони он ноболиғону ҷавононе, ки зимни ин амалиёти пешгирикунанда боздошту ба шуъбаи милитсия дастрас карда мешаванд, мувофиқи талаботи қонунгузорӣ чораҳои таъсирбахш андешида хоҳанд шуд.

Вазорати корҳои дохилӣ аз волидон хоҳиш кардааст, ки ҳама гуна рафтору ҳаракати фарзандони худро таҳти назорат қарор дода, нагузоранд, ки ягон лаҳзаи ҳаёти онҳо беҳуда сарфи корҳои зараровар шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио