Нигоҳубини оромгоҳҳоро Кумитаи дин ба зимма мегирад

Asia-Plus

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон лоиҳаи қарор «Дар бораи тартиби нигоҳубин ва истифодаи қабристонҳо»-ро таҳия намуда, онро барои тасдиқ ба ҳукумат фиристодааст.

Зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати ташкилотҳои динии Кумита Ҳусейн Шокиров дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин лоиҳаи қарор тартиби ҷараёни ба хок супурдан ва дигар маросими гӯру чӯб зикр шудааст.

«Ба наздикӣ мо ба масъалаи нигоҳубин ва истифодаи қабристонҳо, ки бе назорат гузошта шудаву ба харобазорҳо табдил меёбанд, машғул мешавем», – иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, бино ба гуфтаи муовини раиси Кумита Азизулло Мирзозода, нигоҳубину назорати вазъи оромгоҳҳо ба салоҳияти Кумитаи дин дохил намешавад, вале агар лоиҳаи қарор дастгирӣ ёбад, Кумита ба ин масъала машғул хоҳад шуд.

«Хеле шармовар аст, вақте мусулмонон натанҳо гӯрҳои наздикону худро тозаву озода нигоҳ намедоранд, балки ба бозии фтубол дар қабристонҳо роҳ медиҳанд», – қайд кард Мирзозода.

Кобили зикр аст, ки масъалаи нигоҳубини истифодаи оромгоҳҳо чандин маротиба дар васоити хабори умум мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта буд.

Директори Муассисаи давлатии «Раёсати оромгоҳҳо»-и Душанбе Раҳматулло Маҷидов қаблан ба «Азия-Плюс» изҳор дошта буд, ки сокинони пойтахт аҳёнан гӯрҳои наздикони худро зиёрат мекунанд.

«Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ рафтани занон ба қабристонҳо манъ буда, ахиран ин расм дар Душанбе ҳам маъмул шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар шимоли кишвар ҳамаи аҳли оила гӯрҳои наздикони худро нигоҳубин мекунанд. Дар натиҷа дар Хуҷанд ҳамаи қабристону гӯрҳо дар ҳолати хуб қарор дошта, аксари қабристонҳои шаҳрҳои Душанбеву Қурғонтеппа ва Кӯлоб бе назорату вайрон шуда истодаанд», – гуфта буд ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...