Мусофирони тоҷик ба Истанбул парвоз карда, вале дар Измир фуруд омаданд

Ҳавопаймои ширкати Turkish Airlines, ки аз шаҳри Душанбе ба Истанбул роҳ пеш гирифта буд, бар асари барфрезии зиёд маҷбур шуд, ки ба майдони ҳавоии шаҳри Измир фуруд ояд. Гуфта мешавад, ширкати ҳавопаймоӣ ҳамаи мусофиронро бо ҷойи хоб дар меҳмонхона ва ғизо таъмин кардааст. Аз ширкати ҳавопаймоии туркӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки […]

Asia-Plus

Ҳавопаймои ширкати Turkish Airlines, ки аз шаҳри Душанбе ба Истанбул роҳ пеш гирифта буд, бар асари барфрезии зиёд маҷбур шуд, ки ба майдони ҳавоии шаҳри Измир фуруд ояд.

Гуфта мешавад, ширкати ҳавопаймоӣ ҳамаи мусофиронро бо ҷойи хоб дар меҳмонхона ва ғизо таъмин кардааст.

Аз ширкати ҳавопаймоии туркӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар натиҷаи барфрезии зиёд фурудгоҳи шаҳри Истанбул ҳавопаймоҳои беш аз 200 хатсайрро қабул карда натавонистааст.

Мусофирони Тоҷикистон аллакай рӯзи дуюм аст, ки дар шаҳри Измир қарор доранд. Онҳоро дар меҳмонхонаи панҷситорадор бо хӯроки седафъаина ҷой кардаанд.

Ширкати ҳавопаймоӣ ният доштааст, ки базудӣ ҳамаи мусофиронро аз Измир ба Истанбул расонад, вале акнун дар Измир барфрезии шадид шурӯъ шуда, аз эҳтимол дур нест, ки мусофирон боз як рӯзи дигар дар он ҷо бимонанд.

Ҳамчунин ширкати ҳавопаймоии Туркия ваъда додааст, ки зиёни расида ба ҳамаи мусофиронеро, ки тариқи транзит аз Истанул сафар доштанд, ҷуброн мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.