Ҳалокати 2 нафар бар асари ба дарёи Панҷ сарозер шудани автомашина

Дар 348-умин километри шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ  мошини тамғаи “Ҳендай-Соната”, ки аз ҷониби сокини 35-солаи шаҳри Хоруғ идора мешуд, аз баландии 35 метр ба дарёи Панҷ сарозер шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ҳангоми ҳодиса ҳамроҳ бо ронанда дар мошин боз сокини 47-солаи ноҳияи Шуғнон низ ҳузур доштааст. Гуфта мешавад, барои баргузории чораҳои ҷустуҷӯиву […]

Asia-Plus

Дар 348-умин километри шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ  мошини тамғаи “Ҳендай-Соната”, ки аз ҷониби сокини 35-солаи шаҳри Хоруғ идора мешуд, аз баландии 35 метр ба дарёи Панҷ сарозер шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ҳангоми ҳодиса ҳамроҳ бо ронанда дар мошин боз сокини 47-солаи ноҳияи Шуғнон низ ҳузур доштааст.

Гуфта мешавад, барои баргузории чораҳои ҷустуҷӯиву наҷот аз ҷумлаи кормандони Маркази наҷот ва наҷотбахшони Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ВМКБ гуруҳи фаврӣ созмон дода шудааст.

«Дар натиҷаи роҳандозии амалиётҳои ғаввосӣ дар дарёи Панҷ дар қаламрави ноҳияи Дарвоз мошин ва мусофири он пайдо шуд. Онро аз чуқурии даҳҳо метр боло кашиданд ва ба соҳил расониданд. Ҷустуҷӯи ҷасади ронанда ҳамоно идома дорад», – омадааст дар хабари Кумита.

Кумита аз ронандагон дархост кардааст, ки дар роҳҳои мошингард дар ин фасли зимистон хеле эҳтиёткор ва бодиққат бошанд, зеро саломатӣ ва ҳаёти инсонҳои дигар аз онҳо вобаста аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.