Гуфтушуниди Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба барқарор кардани алоқаи роҳи оҳан

Asia-Plus

Идораҳои роҳи оҳани Тоҷикистону Ӯзбекистон гутфшунидҳо доир ба барқарор кардани алоқа тариқи роҳи оҳан миёни кишварҳоро дар самти ҷануб идома медиҳанд. Аввали соли 2012 Ӯзбекистон роҳи оҳан аз кишвараш ба самти вилояти Хатлонро баст.

Мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистон ният доштанд, ки дар ҷаласаи комиссияи ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикиситону Ӯзбекистон, ки ахири моҳи декабр дар Душанбе доир гардид, оид ба ин масъала тавофуқоти мушаххас ба даст оранд, вале ин масъала ба рӯзномаи ҷаласа ворид нагардидааст.

«Дар лоиҳаи протоколи ҷаласа, ки аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» пешниҳод гардида буд, доир ба барқарор кардани қитъаи ӯзбекистонии роҳи оҳани Амузанг-Ғалаба масъалагузорӣ шуда буд, вале ин пешниҳод дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ баррасӣ нашуд, зеро ба лоиҳаи ниҳоии протокол ворид нагардид», – гуфтанд ба «Азия-Плюс» дар ин робита дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, бо вуҷуди ин, гуфтушунидҳо бо ҷониби Ӯзбекистон дар мавриди ин масъала идома дошта, ҳарчанд имрӯз байни қисмати марказӣ ва ҷануби кишвар алоқаи роҳи оҳан мавҷуд бошад ҳам, вале масофаи роҳ аз минтақаи ҷануб то марзи Ӯзбекистон тариқи Душанбе 10 маротиба зиёдтар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.