Садама дар «Шаҳристон» 5 соат ҳаракат дар роҳи Душанбе-Хуҷандро боздошт

Бар асари ба ҳам бархӯрдани се автомашинаи боркаш дар дохили нақби «Шаҳристон», ҳаракат дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ба муддати наздики 5 соат боздошта шуд. Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ин ҳодиса нимаи дуюми рӯзи чоршанбе рух дода, ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи нақб аз соати 18:14 то 22:18 дақиқа мутаваққиф шудааст. Бино ба иттилои Кумита, дар […]

Asia-Plus

Бар асари ба ҳам бархӯрдани се автомашинаи боркаш дар дохили нақби «Шаҳристон», ҳаракат дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ба муддати наздики 5 соат боздошта шуд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ин ҳодиса нимаи дуюми рӯзи чоршанбе рух дода, ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи нақб аз соати 18:14 то 22:18 дақиқа мутаваққиф шудааст.

Бино ба иттилои Кумита, дар дохили нақб якбора се автомашинаи боркаш ба ҳамдигар бархӯрдаанд, ки дутои онҳо ба самти Душанбеву як автомашинаи тамғаи «Дулан» ба Хуҷанд раҳсипор будаанд.

Гуфта мешавад, ронандагони автомашинаҳо дар кабинаҳо дармонда, наҷотдиҳандагони ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда онҳоро аз автомашинаҳо берун овардаанд ва ба бемористони ноҳияи Шаҳристон интиқол додаанд.

Айни замон наҷотдиҳандгони Кумита дар ҳамдастӣ бо хадамоти ширкати Innovative  Road  Solutions  (IRS) ва кормандони милитсия як автомашинаи паҷақшудаву осебдидаро аз дохили нақб берун оварда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт барқарор ва корҳои аз нақб берун овардани ду автомашинаи осебдида идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.