Нигаронии шадиди Тоҷикистон аз изҳороти бемулоҳизаи мансабдорони афғон

Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо мусоҳибаи сафири Афғонистон дар Россия Абдулқаюми Кучай, ки  дар он  ӯ аз ҷумла вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ гардида, дар ҳаққи Тоҷикистон суханони ғайри қобили қабул гуфтааст, шинос гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ин росто 31-уми декабри соли 2016 сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷӣ даъват шуда, ба ӯ ёддошти эътирозӣ, ки дар он нигаронии шадид ва тааҷуби ҷониби Тоҷикистон дар иртибот ба гузориши таҳқиромези сафир нисбат ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистон баён гардидааст, супурда шуд.

«Ҷониби Тоҷикистон ба ҷониби  Афғонистон қотеъона тавсия дод то суханони номатлуб, ки аз ҷониби шахси расмии Афғонистон садо доданд, ҳамаҷониба таҳлил гарданд ва чораҳои муассир андешида шаванд. Ҳамчунин тавзеҳоти мушаххас талаб карда шуд. Вокуниши ҳукумати Афғонистон, ки гӯё суханони таҳқиромези сафири Афғонистон дар Россия андешаи шахсии ӯ мебошад ва ба мавқеи Кобул дахл надоранд, низ  боиси таассуф аст», – омадааст дар шарҳ. 

Гуфта мешавад, ҳамчунин ба таври ҷудогона мехостем суханони волии собиқи музофоти Қундуз Умари Сӯфиро шарҳ диҳам, ки гуфта буд: -Танк ва дигар техникаи ҳарбии ҳаракати радикалии «Толибон» дар қаламрави Тоҷикистон тармим мешаванд. Боиси навмедӣ аст, ки собиқ мансабдори Афғонистон чунин фикри беасосро изҳор доштааст. Метавон андешид, ки волии собиқ дар мавриди силоҳҳои вазнин, аз ҷумла танкҳо, ки овардани онҳо ба Тоҷикистон,  аз назар дур монад, таассуроте надорад. Вале худи Умар Суфӣ хуб огоҳ аст, ки чунин амал ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз гузориши бемантиқи ҷаноби Сӯфиро метавон ҳамчун дасисае барои тасвири манфии Тоҷикистон дар ҷомеаи Афғонистон унвон кард.

«Ба ҷои таҳлили амиқи мушкилоте, ки  Афғонистон аз сари худ мегузаронад, омилҳои таъсиромез ба вазъият дар ин кишвар ва пайдо намудани роҳҳои ҳалли ин мушкилот, намояндагони расмии Кобул масири номуайянеро пеша кардаанд», – қайд мешавад дар шарҳи ВКХ Тоҷикистон.

Зимнан зикр мегардад, ки чунин изҳороти кӯтоҳбинонаи баъзе аз намояндагони Афғонистон, ки аз  надоштани саводи кофӣ сар мезанд, боиси таассуф буда, садди роҳи корҳои созанда ва дар амал татбиқ намудани мувофиқаҳои қаблии ҳосилшуда гардида, ҳамчунин муносиботи дуҷонибаро, ки дар асоси муқаррароти дӯстӣ ва ҳамҷавории нек ба бор омадаанд, халалдор мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.