Ба Тоҷикистон боз обуҳавои сард меояд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки то 25 январ дар қаламрави кишвар поинравии ҳарорат ва борони ба барф табдилёбанда дар назар аст.

Дар ин рӯзҳо ба ноқилҳои барқ ва дарахтон часпидани барфи тар ва дар роҳҳои куҳӣ ғарами барф ва яхбандӣ пешгӯӣ шуда, осеби хатҳои интиқоли барқ ва афтидани дарахтон аз шамоли сахт аз эҳтимол дур нест.

Дар ин робита Кумита шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро огоҳ мекунад, ки бештар ба чораҳои амнияти шахсӣ таваҷҷуҳ намуда, аз дорандагони мошинҳои шахсӣ даъват карда мешавад, ки бе зарурат аз онҳо истифода накунанд.

Ҳамчунин аз ронандагон мувофиқи имконият худдорӣ аз сафар тариқи роҳҳои кӯҳистон ва аз сокинон мавқуф гузоштани корҳои кишоварзӣ, ҳезумҷамъкунӣ ва шикор дар мавзеи кӯҳистон дархост мешавад.

Бинобар сабаби тағйирёбии ҳарорат дар бому бомгӯшаҳои биноҳо яхпора ва шушаҳо овезон шуда, зери лабгӯшаи боми хонаҳо, ки шӯшаҳо овезонанд, истодан лозим нест ва дар ин мавридҳо ба рафтори кӯдакон ҷиддан диққат додан зарур аст.

"Бачаҳо ва пиронсолон ба назорати махсус ниёз доранд ва онҳо набояд бе саробон гузошта шаванд. Ҳамчунин зарур аст қоидаҳои бехатарии сӯхтор ҳангоми истифодаи таҷҳизоти гармидиҳанда ҷиддан риоя шаванд. Бе зарурат бегоҳиву шабонгаҳон ба кӯча набароянд", – тавсия медиҳад Кумита.

Ба роҳбарони корхонаву созмонҳо тавсия дода мешавад, ки барои роҳ надодан ба ҳодисаҳои нохуш ва ҳолатҳои фавқулодда тадбирҳои саривақтӣ ва муасссир биандешанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.