Ба Тоҷикистон боз обуҳавои сард меояд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки то 25 январ дар қаламрави кишвар поинравии ҳарорат ва борони ба барф табдилёбанда дар назар аст. Дар ин рӯзҳо ба ноқилҳои барқ ва дарахтон часпидани барфи тар ва дар роҳҳои куҳӣ ғарами барф ва яхбандӣ пешгӯӣ шуда, осеби […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки то 25 январ дар қаламрави кишвар поинравии ҳарорат ва борони ба барф табдилёбанда дар назар аст.

Дар ин рӯзҳо ба ноқилҳои барқ ва дарахтон часпидани барфи тар ва дар роҳҳои куҳӣ ғарами барф ва яхбандӣ пешгӯӣ шуда, осеби хатҳои интиқоли барқ ва афтидани дарахтон аз шамоли сахт аз эҳтимол дур нест.

Дар ин робита Кумита шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро огоҳ мекунад, ки бештар ба чораҳои амнияти шахсӣ таваҷҷуҳ намуда, аз дорандагони мошинҳои шахсӣ даъват карда мешавад, ки бе зарурат аз онҳо истифода накунанд.

Ҳамчунин аз ронандагон мувофиқи имконият худдорӣ аз сафар тариқи роҳҳои кӯҳистон ва аз сокинон мавқуф гузоштани корҳои кишоварзӣ, ҳезумҷамъкунӣ ва шикор дар мавзеи кӯҳистон дархост мешавад.

Бинобар сабаби тағйирёбии ҳарорат дар бому бомгӯшаҳои биноҳо яхпора ва шушаҳо овезон шуда, зери лабгӯшаи боми хонаҳо, ки шӯшаҳо овезонанд, истодан лозим нест ва дар ин мавридҳо ба рафтори кӯдакон ҷиддан диққат додан зарур аст.

"Бачаҳо ва пиронсолон ба назорати махсус ниёз доранд ва онҳо набояд бе саробон гузошта шаванд. Ҳамчунин зарур аст қоидаҳои бехатарии сӯхтор ҳангоми истифодаи таҷҳизоти гармидиҳанда ҷиддан риоя шаванд. Бе зарурат бегоҳиву шабонгаҳон ба кӯча набароянд", – тавсия медиҳад Кумита.

Ба роҳбарони корхонаву созмонҳо тавсия дода мешавад, ки барои роҳ надодан ба ҳодисаҳои нохуш ва ҳолатҳои фавқулодда тадбирҳои саривақтӣ ва муасссир биандешанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.