Дар Тоҷикистон 9 кас ҳар кадоме 15 ҳазор сомонӣ нафақа мегиранд

Айни замон дар Тоҷикистон нафақаи аз ҳама бузург – 15 ҳазор сомонӣ ба 9 нафар пардохт мешавад. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми миёнаи нафақа дар кишвар 50 маротиба камтар аст. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дод, ки соли гузашта 9 нафар ҳар кадоме 15 ҳазор сомонӣ нафақа мегирифтанд. Аз ифшои ному насаби […]

Asia-Plus

Айни замон дар Тоҷикистон нафақаи аз ҳама бузург – 15 ҳазор сомонӣ ба 9 нафар пардохт мешавад. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми миёнаи нафақа дар кишвар 50 маротиба камтар аст.

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дод, ки соли гузашта 9 нафар ҳар кадоме 15 ҳазор сомонӣ нафақа мегирифтанд. Аз ифшои ному насаби ин нафарон муовини аввали роҳбари Агентӣ Назокуат Одиназода худдорӣ варзида, танҳо хабар дод, ки ду нафар аз ин нафақахӯрон фавтида, вале нафақаҳои онҳо акнун ба кӯдакони ноблиғашон пардохт мешавад.

«Ҳаҷми нафақа ба собиқаи корӣ ва маблағи пардохтшудаи музди меҳнат вобаста аст», – иброз дошт намояндаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Н.Одиназода, аз 1 январ дар Тоҷикистон ҳадди ниҳоии пардохти нафақа бекор шуда, то охири соли гузашта он 748 сомонӣ ва ҳаҷми ҳадди ақал – 156 сомониро ташкил медод.

Тибқи маълумоти Агентии мазкур, соли 2016 ҳаҷми миёнаи нафақа дар кишвар – 274 сомонӣ ва нафақаҳои иҷтимоӣ – 144 сомониро ташкил додааст. Соли гузашта шумори умумии нафақахӯрон дар ҷумҳурӣ 642 ҳазору 927 нафарро ташкил дода, 144,6 ҳазор нафари онҳо нафақаи маъюбӣ мегирифтаанд.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон беш аз 8 ҳазор нафар шаҳрвандон ҷиҳати муайян кардани маъюбӣ аз санҷиши такрорӣ гузашта, бо пешниҳоди Хадамоти давлатии ташхиси тиббӣ ва иҷтимоӣ пардохти нафақаи онҳо муваққатан боздошта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.