Афзоиши сеяки хизматгузориҳои МЯК барои операторони алоқаи мобилӣ

Арзиши хизматгузориҳои Маркази ягонаи коммутатсионӣ (МЯК) барои операторони алоқаи мобилӣ ба андозаи 36% – то 15 дирам барои транзити ҳар як дақиқаи занг боло рафт ва ин ҳам дар ҳолест, ки Марказ ҳамагӣ якуним моҳ қабл дар реҷаи озмоишӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Зангҳои алоқаи мобилӣ ва трафики интернети ҳамаи операторон ва ширкатҳои фароҳамсози интернет […]

Asia-Plus

Арзиши хизматгузориҳои Маркази ягонаи коммутатсионӣ (МЯК) барои операторони алоқаи мобилӣ ба андозаи 36% – то 15 дирам барои транзити ҳар як дақиқаи занг боло рафт ва ин ҳам дар ҳолест, ки Марказ ҳамагӣ якуним моҳ қабл дар реҷаи озмоишӣ ба фаъолият шурӯъ кард.

Зангҳои алоқаи мобилӣ ва трафики интернети ҳамаи операторон ва ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон) тариқи Маркази ягонаи коммутатсионии назди оператори миллии алоқаи «Тоҷиктелеком» мегузаранд.

Ба гуфтаи раиси Ассотсиатсияи операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон Ғафур Иркаев, нахуст операторони алоқи мобилӣ барои ҳар як дақиқаи пайваст ба МЯК 11 дирам пардохт карда, давоми ду моҳи нопурра тариф бозбинӣ ва аз 1 январ ҳар як дақиқа аллакай 15 дирам арзиш дорад.

«Дар ниҳояти кор ин сарборӣ ба дӯши муштариён вогузор мегардад. Арзиши аслии алоқаи байнулмилалӣ боло рафт ва мутаноситбан операторони алоқаи мобилӣ низ дар навбати худ ба боло бурдани тарифҳо маҷбуранд», – иброз дошт номбурда.

Ба андешаи ӯ, дар Хадамоти алоқа мегӯянд, Марказ бо мақсади «таъмини амнияти миллӣ ва иттилооотӣ» таъсис дода шуда, вале ин тавр нест ва он ба хотири тиҷорат бунёд шудааст.

«Мо ваҷҳ овардем, ки тамоми алоқаи кишвар набояд дар як марказ ҷамъ оварда шавад, вале касе моро шунидан нахост. Ташаббускорони таъсиси марказ ба мо асос оварданд, ки «нерӯҳои тахрибкор алоқаро дар самти нодуруст истифода мекунанд ва аз ин рӯ, ҳукумат дар бораи таъсиси МЯК қарор қабул кард». Вале охир операторони алоқаи мобилӣ бе ин ҳам ба сохторҳои қудратӣ робитаи зич дошта, таҷҳизоти махсус амал мекард ва кормандони сохторҳои қудратӣ ба он дастрасии муайян доштанд. Ҳамааш муътадил фаъолият дошт, ҳама розӣ буданд, шояд ба ҷуз Хадамоти алоқа», – гуфт Иркаев.

Дар ширкатҳои алоқаи мобилӣ аз эҳтимол дур намедонанд, ки бар асари ин ташаббус хизматгузориҳои ширкатҳо барои муштариён қимат мешаванд.

«Дар ниҳояти кор истифодаи муштариён низ аз хизматрасониҳо кам мешавад ва дар идома даромади ширкатҳо ҳам коҳиш меёбад, ки дар навбати худ ба коҳиши хароҷоти асосӣ ва ихтисори ҷойҳои корӣ ҳам дар худи ширкатҳо ва ҳам дар ширкатҳои паймонкор боис мегардад», – таъкид доштанд намояндагони яке аз ширкатҳои алоқаи мобилӣ.

Қобили зикр аст, ки қарори ҳукумат дар бораи таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионӣ моҳи январи соли гузашта қабул шуда буд.

Бархе аз коршиносон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки зери таъсиси МЯК дар амал монополия (инҳисор) кардани бозори хизматгузориҳои алоқа сурат гирифта истодааст, ки ба бад шудани сифат ва назорати сартосарии фаъолияти операторон ва провайдерони кишвар оварда мерасонад.

Ҳамчунин мебояд гуфт, тибқи арзёбӣӣ коршиносон, танҳо барои харидорӣ ва васлу насби таҷҳизоти зарурии Марказ ҳадди ақал 50 млн. доллари ИМА масраф шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.