Русия моҷарои ҳавоӣ бо Тоҷикистонро амиқтар карданӣ нест

Asia-Plus

Максим Соколов, вазири нақлиёти Русия аз омодагии Маскав барои музокирот бо мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон хабар додааст.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, вай рӯзи ҷумъа дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ки ният надоранд, моҷарои ҳавоӣ аз ин амиқтар шавад.

"Ҳамтоёни тоҷики мо мехоҳанд, даври нави музокиротро баргузор кунанд. Нишасти охирин моҳи декабри соли гузашта сурат гирифта буд. Мо омодаем, ки ин гуфтугӯро ҳатто фардо баргузор кунем", – таъкид кардааст ӯ.

Зикр мегардад, ки вазири нақлиёти Русия гуфтааст, ният надоранд, дар парвози ҳавопаймоҳои Тоҷикистон маҳдудияти бештар ҷорӣ шавад, вале афзуд, «талаботи протоколи моҳи ноябри соли гузашта бояд иҷро гардад».

Қобили зикр аст, ки аввали ҳафтаи гузашта мақомоти Тоҷикистон дар ин робита изҳор дошта буданд, ки ба идомаи гуфтушунидҳо бо мақомоти авиатсионии Русия дар мавриди иртиботи ҳавоӣ омода буда, ҳамтоҳои русиягии худро ба Тоҷикистон даъват карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...