Корхонаҳои Тоҷикистон ба рақобат дар доираи ИИАО омода нестанд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистон алҳол ба истеҳсоли маҳсулоти ҷавобгӯи меъёрҳои бозори ягонаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) омода набуда, ба рақобатпазирӣ дар он тоб оварда наметавонад.

Муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдураҳмон Каримзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита чунин изҳори назар кард, ки маҳсулоти Тоҷикистон алҳол ба рақобат дар бозори ягона дар чаҳорчӯби ИИАО омода нест.

«Пеш аз пайвастан ба ин ё он иттиҳоду созмон, пешакӣ шарту шароит ва қоидаҳои мавҷуда дар онро омӯхтан зарур аст, – иброз дошт ӯ. – Мо бояд донем, ки ба ин бозори ягона чӣ гуна маҳсулот пешниҳод карда метавонем. Масалан, ба мутобиқати маҳсулоти кишоварзиамон ба меъёрҳои ин бозор айни замон шубҳа дорам, яъне мо алҳол ба пешниҳоди маҳсулоти ҷавобгӯи меъёрҳои ин Иттиҳод омода нестем».

Ғайр аз ин, гуфт дар идома Каримзода, мо то ҳол намедонем, ки аз пайвастан ба ин Иттиҳод ба мо чӣ нафъҳое мерасад.

«Қоидаву меъёрҳои ин бозор усулан барои се кишвари дорои имконоти бузурги содиротӣ муқаррар шуда, дар сурати пайвастани мо ба он, дар доираи созишнома мо ба иҷрои ҳамаи талаботи ин бозор маҷбур шуда, маҳсулоти дар кишварҳои узви Иттиҳод истеҳсолшударо бидуни маҳдудият ба бозорамон роҳ медиҳем, – таъкид дошт номбурда. – Чун арзиши аслии маҳсулоти дар кишвари мо истеҳсолмешуда баландтар аст, он гаронтар пешниҳод мешавад ва мутаносибан мо ба рақобати ба ин монанд маҳсулоти истеҳсолшуда дар кишварҳои узви ИИАО то оварда наметавонем».

Зимнан зикр гардид, ки дар маҷмӯъ масъалаи узвияти Тоҷикистон ба ИИАО мавриди баррасӣ қарор дошта, дар навбати аввал таҷрибаи Қирғизистону Арманистон омӯхта мешавад, чунки иқтисоди ин кишварҳо аз нигоҳи сатҳ ба Тоҷикистон наздиктар аст.

Қобили зикр аст, ки кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Русия аъзои ИИАО мебошанд. Соли 2016  Қирғизистон ба узвияти он пазируфта шуда, Ветнам ба минтақаи савдои озод бо кишварҳои ин Иттиҳод ҳамроҳ шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.