Сафари Шувалов ба Душанбе барои ҳалли мушкилоти иртиботи ҳавоӣ

Муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов рӯзи 26 январ ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти иртиботи ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия ба шаҳри Душанбе меояд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, рӯзи дигари сафар ба Тоҷикистон (27 январ) ӯ дар кори ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Русия иштирок мекунад. […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов рӯзи 26 январ ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти иртиботи ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия ба шаҳри Душанбе меояд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, рӯзи дигари сафар ба Тоҷикистон (27 январ) ӯ дар кори ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Русия иштирок мекунад.

Бино ба иттилои манбаъ, мушкилоти ҷойдоштаи иртиботи ҳавоӣ миёни кишварҳо дар маркази таваҷҷуҳи ин ҷаласа қарор хоҳад дошт.

Тибқи нақшаи сафар, субҳи рӯзи 27 январ Шувалов, ки ҳамзамон ҳамраиси комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия аст, бо ҳамтои тоҷики худ, нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дидору гуфтушунид мекунад.

Зимнан зикр гардид, ки нимаи аввали ҳамин рӯз, дидору гуфтушуниди муовини аввали нахуствазири Русия бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.