Таъмини пурраи нафақахӯрон бо кортҳои бонкӣ то моҳи апрел

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҷараёни таъмини нафақахӯрони Тоҷикистон бо кортҳои бонкӣ, ки соли 2010 шурӯъ гардида буд, давоми семоҳаи аввали соли равон ба итмом мерасад. Айни замон 88%-и онҳо тариқи чунин кортҳо нафақа мегиранд.

Раиси БДА «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода зимни нишасти хабарии ҷамъбасти сол дар ин робита изҳор намуд, ки ҷараёни ба пардохт тариқи кортҳои бонкӣ гузаронидани нафақахӯрон дар тамоми шаҳру навоҳӣ идома дошта, ин кор бепул сурат мегирад.

Роҳбари бонк қайд кард, ки айни замон 585,5 ҳазор нафар нафақахӯрон (88% аз шумори умумӣ) дар 60 филиалҳои «Амонатбонк» дар саросари кишвар нафақаҳои худро тариқи кортҳои бонкӣ дастрас мекунанд.

«Дар ҳамдастӣ бо Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва таъмини нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон механизми гузашти пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ дар шаҳру навоҳии боқимонда то охири семоҳаи аввали соли 2017 ба итмом расонида мешавад», – таъкид дошт раиси «Амонатбонк».

Ба гуфтаи ӯ, феълан шумори нафақахӯрони мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ 643 ҳазор нафар ва нафақахӯрони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 21 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр гардид, ки дар як моҳ барои пардохти нафақаи мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ – 182,6 млн. сомонӣ ва нафақаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – 13,7 ҳазор сомонӣ маблағ зарур аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...