«Тоҷиксодиротбонк» лимити пешниҳоди пули нақдро 100% афзуд

Asia-Plus

Аз 13 январи соли равон ҳаҷми хизматрасонии кортҳои пардохтии «Тоҷиксодиротбонк» афзуда, акнун дорандагони кортҳои пардохтии Бонк имкон доранд, ки аз банкоматҳои Бонк дар як рӯз ба ҷои 100 сомонии қаблан муқарраршуда  200 сомонӣ пули нақд ба даст оранд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Бонк, дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ муштариён имкон доранд, ки ба ҷои 150 сомонии қаблан муқарраршуда то 500 сомонӣ тавассути POS – терминалҳо ва бонкҳои дигар пардохтҳои ғайринақдӣ анҷом диҳанд.

«Айни замон 74 адад банкомати Бонк дар пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ба дорандагони кортҳои пардохтӣ хизмат расонида, ба нақша гирифта шудааст, ки ояндаи наздик теъдоди POS -терминалҳо дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ба 500 адад расонида шавад», – қайд мешавад дар маълумоти Бонк.

Гуфта мешавад, «Тоҷиксодиротбонк» ҳамаи хоҳишмандонро дар ин самт ба ҳамкорӣ даъват намуда, насб кардани POS-терминалҳоро дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар муддати кӯтоҳ бо пешниҳоди хизматрасонии саривақтӣ таъмин менамояд.

Қобили зикр аст, ки аз 19 декабри соли гузашта банкоматҳои Тоҷиксодиротбонк дар саросари кишвар фаъол гардида, хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтии Бонк шурӯъ мегардад. Ҳар як муштарии Бонк имкон пайдо мекунад, ки ҳамарӯза ба маблағи 100 сомонӣ тавассути банкоматҳо пули нақд дастрас намуда, тавассути пос-терминалҳои Бонк то 200 сомонӣ дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ пардохтҳои ғайринақдиро анҷом диҳад.

ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» шурӯъ аз 3 январ бо мақсади амалисозии чорабиниҳо оид ба солимгардонии фаъолияти Бонк ҷиҳати ба расмият даровардани шартномаҳои амонатии муштариён бо пешниҳоди тарофаҳои нав оғоз кард.

Мувофиқи нақшаи қабулшудаи солимгардонӣ, бонк тибқи ҷадвали муқарраршуда ба баргардонидани воситаҳои амонатии мизоҷонаш шурӯъ карда, ҳар як мизоҷ ба суҳбати инфиродӣ даъват мешавад, ки дар ҷараёни он баррасии масъалаи дароз кардани муҳлати амонат ё баргардонидани он дар назар аст.

Айни замон ҳар як мизоҷ дар як моҳ аз 50 то 200 доллар гирифта метавонад. Бо назардошти ворид гардидани маблағи дастгирӣ аз ҷониби ҳукумат, ҳаҷми пардохт метавонад зиёд карда шавад. Бо чанде аз саҳмдорони бузург бонк ба пардохт аз ҳисоби амволи худӣ ва ба гарав гузошташуда шурӯъ намуд.

Ёдрас мекунем, ки аз оғози соли равон «Тоҷиксодиротбонк» ба мушкили камбуди воситаҳои молӣ дучор шуда, хизматгузориҳо ба муштариёни худро пурра анҷом дода наметавонад.

Қобили зикр аст, ки дар ин робита 18 майи соли равон  дар «Тоҷиксодиротбонк» маъмурияти муваққатӣ таъин шуда, онро Мирҳаёт Ёқубов роҳбарӣ мекард, ки моҳи сентябр ҳатто аз мансаби худ дар Бонки миллӣ – муовини роҳбари деапртаменти захираҳои байнулмилалии БМТ даст кашида буд.

Дар ин робита Бонки миллии Тоҷикистон Тоҷиддин Пирзодаро ба раёсати  «Тоҷиксодиротбонк» баргардонида,  раҳбарияти бонк ӯҳдадор карда шуд, ки дар муҳлати то як моҳ аз рӯзи қабули қарори мазкур нақшаи беҳбудии вазъи молиявии бонкро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...