Дар «Тоҷиксодиротбонк» додани пасандозҳо идома дорад

ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» шурӯъ аз 3 январ бо мақсади амалисозии чорабиниҳо оид ба солимгардонии фаъолияти Бонк ҷиҳати ба расмият даровардани шартномаҳои амонатии муштариён бо пешниҳоди тарофаҳои нав оғоз кард. Саҳҳомоне, ки хоҳиши баргардонидани воситаҳои худро доранд, ҳар моҳ қисм-қисм маблағи муайяни саҳмҳои худро гирифта метавонанд, вале ин шарт на ба ҳама муштариёни бонк қобили қабул аст. […]

Парвиз Турсунов, Акмал Маннонов, Asia-Plus

ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» шурӯъ аз 3 январ бо мақсади амалисозии чорабиниҳо оид ба солимгардонии фаъолияти Бонк ҷиҳати ба расмият даровардани шартномаҳои амонатии муштариён бо пешниҳоди тарофаҳои нав оғоз кард.

Саҳҳомоне, ки хоҳиши баргардонидани воситаҳои худро доранд, ҳар моҳ қисм-қисм маблағи муайяни саҳмҳои худро гирифта метавонанд, вале ин шарт на ба ҳама муштариёни бонк қобили қабул аст.

Мувофиқи нақшаи қабулшудаи солимгардонӣ, бонк тибқи ҷадвали муқарраршуда ба баргардонидани воситаҳои амонатии мизоҷонаш шурӯъ карда, ҳар як мизоҷ ба суҳбати инфиродӣ даъват мешавад, ки дар ҷараёни он баррасии масъалаи дароз кардани муҳлати амонат ё баргардонидани он дар назар аст.

Айни замон ҳар як мизоҷ дар як моҳ аз 50 то 200 доллар гирифта метавонад. Бо назардошти ворид гардидани маблағи дастгирӣ аз ҷониби ҳукумат, ҳаҷми пардохт метавонад зиёд карда шавад. Бо чанде аз саҳмдорони бузург бонк ба пардохт аз ҳисоби амволи худӣ ва ба гарав гузошташуда шурӯъ намуд.

Бархе аз муштариён ин тадбири бонкро бо ҳусни дарку тафоҳум қабул намуда, дигарон хушнуданд, ки ҳадди ақал барои қисм-қисм гирифтани амонатҳои худ имкон пайдо карданд, вале миёни мушатриён афроде низ ҳузур доранд, ки ҳамаашро якбора ва дарҳол гирифтанианд…

Бо мақсади рӯшанӣ андохтан ба ин масъала дар «Агроинвестбонк» мо ба ин бонк рафтем, вале посбонон наворбардориро қотеъона манъ карданд. Дар ҳамин ҳол, маълум аст, ки дар ин бонк алҳол баргардонидани маблағҳо аз рӯи амонатҳо шурӯъ нашудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.