Сафари вакилони парлумон ба минтақаҳо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи паёми президент

Бо қарори Шӯрои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ҳамаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз 11 то 20 январ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи бандҳои паёми сарвари давлат ба парлумон дар минтақаҳо қарор хоҳанд дошт. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, вакилон ҳамчунин андешаву афкори аҳолӣ доир ба ҷараёни қонунофариро низ мавриди омӯзиш […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо қарори Шӯрои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ҳамаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз 11 то 20 январ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи бандҳои паёми сарвари давлат ба парлумон дар минтақаҳо қарор хоҳанд дошт.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, вакилон ҳамчунин андешаву афкори аҳолӣ доир ба ҷараёни қонунофариро низ мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.

Ба иттилои манбаъ, дар тамоми минтақаҳои кишвар аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҳисоби фаъолон бо ин мақсад гурӯҳҳо ташкил карда шудаанд. Мақомоти шаҳрдории Сарбанд дар ҳайати 40 нафар занони фаъол гурӯҳеро ташкил кардааст, ки хона ба хона гашта, ба аҳолӣ нуктаҳои муҳими паёми сарвари давлатро шарҳу тавзеҳ медиҳанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни вохӯриҳои ваиклони парлумон бо аҳолии минтақаҳо ҳамчунин ба шарҳу тавзеҳи қонунҳо «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд» низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.